islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook

Фазли тавҳид


5415
Дарс Тавсифи
Яктопарастӣ мояи бузургист, ки ба фазли он осмонҳо ва замин барпост ва барои он инсон ва ҷинро офарид ва Паёмбарон фиристода шуда аст ва ба дараҷаи аз ихлос ва тавҳид, банда дар роҳи Худо мерасад ва аз ширки ҷалий ва хафий дур мекунад, то дараҷае, ки банда эҳсоси амният мекунад ва ҳидоят дар дунё ва охират ба даст меоварад.

Баёни фазилат ва аҳамияи тавҳид.

Баёни ин, ки тавҳид сабаби наҷот ва бахшиши банда дар қиёмат мебошад.

Баёни ин, ки тавҳид сабаби бардоштани бало ва фитнаҳост.

Баёни аҳамияти омӯзиши тавҳид ва анвоъи ширк.

Хутбаи аввал

الحمدلله الذي جعل التوحيد أغلی ما في الأرض والسموات وأعز أهله بالجنة ورفع الدرجات وجعلنا من أهل التوحيد وعلى سفينة النجاة والصلاة والسلام علی أفضل الخلق صاحب الكمالات وعلی آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان ذوي الفضل والتقوی والدعوة والجهاد والبطولات. وبعد:

Бародарони мусалмон! Худованд мутаъол дар каломи маҷидаш мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 )[آل عمران: 102]

«Эй мӯминон! Чунон, ки ҳаққи тарсидан аст, аз Аллоҳ битарсед ва намиред, магар дар ҳоле ки мусалмон бошед», пас хештан ва шуморо ба тақвои Илоҳӣ ва тарси ҳақиқӣ аз Худованди мутаъол даъват мекунам.

Бидонед, ки қалби мӯмин, ки ҷои зуҳури саъодат ва растагории доимӣ ва ҳақиқист, ҷуз бо ороста кардани он ба тавҳид ва яктопарастӣ, ислоҳ нахоҳад шуд. Ислоҳи қалб фақат бо гавҳари тавҳид ва дурахшиши нури имон имконпазир аст. Оре! тавҳиди холис дур аз ҳама гуна ширку риё.

Пас ману шумо чӣ қадар хушбахтем, ки Аллоҳи зулҷалол моро аз аҳли тавҳид ва яктопарастӣ қарор додааст. Тавҳид сарват ва сармояи ҳақиқӣ аст, ки хушбахтӣ ва растагории ҳарду ҷаҳон ҷуз дар партави ин сармояи азим, яъне нури тавҳид ба даст нахоҳад омад.

Аз лиҳози ақлӣ ва нақлӣ ин амр аз мусалламот аст, ки Аллоҳи мутаъол ягона холиқ ва мудиру идоракунанда ва чархонандаи ин ҷаҳони ҳастӣ аст, чунон чӣ дар каломи азизаш мефармояд:

( لَوْ كَانَ فِيهِمَا آَلِهَةٌ إِلَّا اللَّهُ لَفَسَدَتَا فَسُبْحَانَ اللَّهِ رَبِّ الْعَرْشِ عَمَّا يَصِفُونَ 22 ) [الأنبياء: 22]

«Агар дар осмонҳо ва замин ғайр аз Аллоҳ (маъбудҳо ва худоёни дигаре) вуҷуд медошт, ҳатман низоми осмонҳо ва замин ба ҳам мерехт, пас Аллоҳ ягона соҳиби Арши бузург, пок ва басо бартар аз он чизҳоест, ки (мушрикон) ба ӯ нисбат медиҳанд».

Пас махлуқоти бешумор ва аҷиб ва коиноти азиму боҳайбат, машриқу мағриб, ҷангу сулҳ, хушку тар, шуру ширин, ситора ва саёра, боду борон, шабу рӯз, гиёҳу дона, фарду гурӯҳ, зинда ва мурда нишонае дар пайи нишона ҳамаи инҳоро танҳо ва танҳо Аллоҳи ягона офарида ва мечархонад. Чӣ қадар Парвардигори пок ва чӣ қадар Илоҳи бузург ва қудратмандест.

Далоили қудраташро барои ононе, ки фикр кунанд намоён, шавоҳидашро барои ононе, ки бингаранд ошкор, оёт ва мӯъҷизоташро барои ғофилон баён фармуда, барои муъонидон узре боқӣ нагузошта, ва далоил ва баҳонаҳои мункиринро решакан кардааст. Пас Аллоҳи зулҷалол зоти бобаракат ва беҳтарин офаринандагон аст.

Оре, эй мӯминон ва шигефтагони тавҳид ва яктопарастӣ! Тавҳид ва яктопарастӣ, асли бузургест, ки осмонҳо ва замин фақат барои он офарида шудаанд ва ҷину инс ва малоика ва биҳишту дӯзах ба хотири он халқ шудаанд ва даъвату ҷиҳод барои тавҳид ва яктопарастӣ фарз гардида аст, пас ҳадафи офариниши ин ҷаҳони бузург фақат парастиш ва ибодати Аллоҳи мутаъол, он зоти ягона ва яктост, чунон ки дар каломи нуронияш мефармод:

( وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ 56 ) [الذاريات: 56]

«Ва наофаридем ҷин ва инсро ҷуз барои ин, ки ибодат кунанд».

Аҳли тавҳид ва яктопарастӣ башорат дода шудаанд, аз ҳазрати Усмон (р) ривоят шуда, ки Расули гиромӣ (с) фармуданд:

«من مَاتَ وَهُوَ يَعْلَمُ أَنَّهُ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ دَخَلَ الْجَنَّةَ». (صحيح مسلم كتاب الايمان شمارة 26).

«Ҳар кас дар ҳоле бимирад, ки яқин дошта бошад ҷуз Аллоҳи ягона, ҳеҷ маъбуде шоистаи ибодат нест, вориди биҳишт мегардад». (Саҳеҳи Муслим, китоби Имон, шумораи 26).

عَنْ عُبَادَةَ - رضي الله عنه - عَنِ النَّبِيِّ صلى الله عليه وآله وسلم قَالَ: «مَنْ شَهِدَ أَنْ لاَّ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ وَحْدَهُ لا شَرِيكَ لَهُ، وَأَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ، وَأَنَّ عِيسَى عَبْدُ اللَّهِ وَرَسُولُهُ، وَكَلِمَتُهُ أَلْقَاهَا إِلَى مَرْيَمَ، وَرُوحٌ مِنْهُ، وَالْجَنَّةُ حَقٌّ، وَالنَّارُ حَقٌّ أَدْخَلَهُ اللَّهُ الْجَنَّةَ عَلَى مَا كَانَ مِنَ الْعَمَلِ». صحيح بخاري: 3435.

Ва ҳазрати Убода (р) ривоят мекунад, ки Набии Акрам (с) фармуданд: «Ҳар кас гувоҳӣ диҳад, ки ҳеҷ маъбуди бархаққе ҷуз Аллоҳи ягона ва беҳамто вуҷуд надорад ва Муҳаммад банда ва фиристодаи ӯст ва Исо банда ва фиристода ва калима ва рӯҳи Аллоҳ аст, ки ба Марям супурда шудааст ва биҳишту дӯзах ҳаққанд, амалаш ҳар чӣ бошад, Аллоҳ ӯро вориди биҳишт хоҳад кард». (Саҳеҳи Бухорӣ).

Эй мӯминон, дӯстдорони тавҳид ва яктопарастӣ! Оё медонед, ки Аллоҳи мутаъол ва маъбуди якто ва зулҷалол барои тавҳид ва яктопарастӣ чӣ фазилатҳои бузурге дар назар гирифта аст? Оё медонед, ки тавҳид тамоми гуноҳонро пок мекунад? Оё медонед, ки тавҳид фарди яктопарастро аз мондани ҳамеша дар дӯзах наҷот медиҳад? Оё медонед, ки тавҳид сабаби наздикии банда ба Аллоҳи зулҷалол, он маъбуди ҳақиқияш мегардад? Оё медонед, ки тавҳид сабаб мегардад бало ва мусибат аз мӯмин дур шавад? Пас инро ҳам бидонед, ки бандаи мӯмин ҳар чӣ дар иҷроиши тавҳид ва яктопарастӣ кӯшо бошад ва дар он ихлос дошта ва бериё амал кунад ва ҳар чӣ аз ширк ва мазоҳири ширки зоҳирӣ ва ботинӣ бештар дур бошад, амният ва ҳидоят бештар насибаш мегардад. Пас мужда бод ба шумо аҳли тавҳид ва яктопарастӣ ва бидонед, ки мӯмини муваҳҳид аз дигарон аз неъмати амният ва оромиш дар дунё ва охират бархурдор аст.

( الَّذِينَ آَمَنُوا وَلَمْ يَلْبِسُوا إِيمَانَهُمْ بِظُلْمٍ أُولَئِكَ لَهُمُ الْأَمْنُ وَهُمْ مُهْتَدُونَ 82 ) [الأنعام: 82]

«Касоне, ки имон оварда ва имони худро бо ширк наёмехта бошанд, эшон дар амнияти комил хоҳанд буд ва фақат эшон ҳидоятёфтагонанд». Ва мефармояд:

( لَا يَحْزُنُهُمُ الْفَزَعُ الْأَكْبَرُ وَتَتَلَقَّاهُمُ الْمَلَائِكَةُ هَذَا يَوْمُكُمُ الَّذِي كُنْتُمْ تُوعَدُونَ 103 ) [الأنبياء: 103]

«Ваҳшати бузург (қиёмат) онҳоро андӯҳгин намесозад ва малоика ба истиқболашон меоянд (ва мегӯянд) ин ҳамон рӯзатон аст, ки ба шумо ваъда дода мешуд».

Ва табиъатан касе, ки аз ибодати Аллоҳи ягона сарпечӣ кунад, мустаҳиққи бадтарин азоби Илоҳӣ мегардад, чунон чӣ мефармояд:

( إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ وَالْمُشْرِكِينَ فِي نَارِ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا أُولَئِكَ هُمْ شَرُّ الْبَرِيَّةِ 6 ) [البينة: 6]

«Бе гумон касоне, ки аз Аҳли китоб ва мушрикин, кофир шуданд, дар оташи ҷаҳаннаманд, ки дар он ҷовидон хоҳанд монд, онон бадтарин махлуқот ҳастанд».

Ва дар ҷои дигар мефармояд:

( إِنَّكُمْ وَمَا تَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ حَصَبُ جَهَنَّمَ أَنْتُمْ لَهَا وَارِدُونَ 98 لَوْ كَانَ هَؤُلَاءِ آَلِهَةً مَا وَرَدُوهَا وَكُلٌّ فِيهَا خَالِدُونَ 99 لَهُمْ فِيهَا زَفِيرٌ وَهُمْ فِيهَا لَا يَسْمَعُونَ 100إِنَّ الَّذِينَ سَبَقَتْ لَهُمْ مِنَّا الْحُسْنَى أُولَئِكَ عَنْهَا مُبْعَدُونَ 101)[الأنبياء: 101]

«Яқинан шумо куфрпешагон ва он чӣ ба ҷои Аллоҳ мепарастед, ҳезуми ҷаҳаннам ҳастед. Шумо дар он ворид хоҳед шуд. Агар инҳо (бутҳо) маъбудоти (барҳақ) буданд, ҳаргиз вориди дӯзах намешуданд ва (онҳо) ҳамагӣ дар он мондагор хоҳанд буд. Барои онҳо дар он дӯзах нола (ҳои дардноке) аст ва онҳо дар он (чизе) намешунаванд. Аммо ба ростӣ касоне, ки пештар аз сӯи мо (ваъдаи) некӯйи барои онҳо муқаррар шудааст, онҳо аз он дӯзах нигоҳ дошта мешаванд».

Пас аҳли тавҳид ҳамеша дар саъодат ва ҳама ҷо пирӯз ва растагоранд. Иброҳими бутшикан, падари яктопарастони таърихро мулоҳиза фармоед, ки вақте душманони тавҳид вайро ба оташ андохтаанд, Аллоҳи мутаъол чӣ гуна ӯро сарфароз гардонид:

( قُلْنَا يَا نَارُ كُونِي بَرْدًا وَسَلَامًا عَلَى إِبْرَاهِيمَ 69 وَأَرَادُوا بِهِ كَيْدًا فَجَعَلْنَاهُمُ الْأَخْسَرِينَ 70 ) [الأنبياء:69 - 70]

"Гуфтем: эй оташ! Бар Иброҳим сард ва саломат бош ва онҳо хостанд барои (нобудии) ӯ найранги (хатарноке) варзиданд, пас онҳоро зиёнкортарин (мардум) қарор додем".

Оре, эй мӯмин ва эй аҳли тавҳид ва яктопарастӣ! Бо таваҷҷӯҳ ба оёти Қуръони Карим, уламо тавҳидро ба се навъ тақсим кардаанд:

Тавҳиди Рубубият.

Тавҳиди Улуҳият.

Ва тавҳиди Асмо ва Сифот.

Маънои тавҳиди Рубубият инаст, ки Аллоҳ таъолоро дар афъолаш якто бидонем, яъне ин, ки дар офариниш ва парваришу идора ва тадбиру тасарруфи ҳамаи ин ҷаҳон, зоти мутаъолии Худои таъоло, танҳои танҳост.

Маънои тавҳиди Улуҳият инаст, ки шоистаи ҳар навъ ибодату парастиш ва кӯмак хостан ва фарёдрасӣ, фақат Аллоҳ асту бас, яъне якто донистани Аллоҳи мутаъол дар тамоми афъоли ибодии бандагон ҳамчун намозу рӯза ва назру қурбонӣ намудан (забҳ кардан) ва ғайра.

Ва маънои тавҳиди Асмо ва Сифот инаст, ки ҳар исму сифате, ки Аллоҳи мутаъол барои худ дар Каломи маҷидаш зикр фармуда, ё Расули гиромияш баён фармуда, ё ин ки яке аз бандагони некаш, омӯхта бар зоти гиромии ӯ собит аст.

Сарварони гиромӣ! Чуноне, ки медонед, Аллоҳи мутаъол маъбуди ягонаи ману шумо аз ҳар навъ айбу нуқсон пок аст:

( قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ 1 اللَّهُ الصَّمَدُ 2 لَمْ يَلِدْ وَلَمْ يُولَدْ 3 وَلَمْ يَكُنْ لَهُ كُفُوًا أَحَدٌ 4 ) [الإخلاص:1 - 4]

Эй Паёмбар! «Бигӯ: Ӯ Аллоҳи якто ва ягона аст. (аз ҳама чиз ва ҳама кас) бениёз аст (ва ҳама чиз ва ҳама кас ниёзманди ӯ ҳастанд) на (фарзанде) зода ва на (аз касе) зода шудааст ва ҳеҷ кас монанду ҳамтои ӯ набуда ва нест». Пас ин маъбуд ва илоҳ ва мушкилкушойи мост, ки қудрату ҳикмати ӯ дар тасаввури ҳеҷ кас намегунҷад:

( اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَأَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَخْرَجَ بِهِ مِنَ الثَّمَرَاتِ رِزْقًا لَكُمْ وَسَخَّرَ لَكُمُ الْفُلْكَ لِتَجْرِيَ فِي الْبَحْرِ بِأَمْرِهِ وَسَخَّرَ لَكُمُ الْأَنْهَارَ 32 ) [إبراهيم: 32]

«Аллоҳ (ҳамон) зотест, ки осмонҳо ва заминро офарид ва аз осмон обе нозил кард, пас бо он (об) меваҳои (гуногун) барои рӯзии шумо (аз замин) берун овард ва киштиҳоро барои шумо мусаххар гардонид, то ба фармони ӯ дар дарё ҳаракат кунад ва наҳрҳоро (низ) барои шумо мусаххар гардонид».

Дар ҷои дигар мефармояд:

( رَبُّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا فَاعْبُدْهُ وَاصْطَبِرْ لِعِبَادَتِهِ هَلْ تَعْلَمُ لَهُ سَمِيًّا 65 ) [مريم: 65]

»Ҳамоно) Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чӣ миёни он ду аст, пас ӯро ибодат кун ва бар ибодаташ шикебо (ва пойдор) бош, оё (монанд ва) ҳамноме барои ӯ мешиносӣ?«.

Яқинан ва сад яқин, албатта, ки на!, зеро бо камоли қудрат ва иқтидоре, ки шоистаи зоти поки ӯст, мефармояд:

( فَاطِرُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ جَعَلَ لَكُمْ مِنْ أَنْفُسِكُمْ أَزْوَاجًا وَمِنَ الْأَنْعَامِ أَزْوَاجًا يَذْرَؤُكُمْ فِيهِ لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ وَهُوَ السَّمِيعُ الْبَصِيرُ 11 ) [الشورى: 11]

«Ҳеҷ чизе монанди зоти ягонаи ӯ нест ва ӯ шунавои биност».

Аз ҳазрати Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

قَالَ اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ: «أَنْفِقْ أُنْفِقْ عَلَيْكَ». وقَالَ: «يَدُ اللَّهِ مَلأَى لا تَغِيضُهَا نَفَقَةٌ، سَحَّاءُ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ». وقَالَ: «أَرَأَيْتُمْ مَا أَنْفَقَ مُنْذُ خَلَقَ السَّمَاءَ وَالأَرْضَ؟ فَإِنَّهُ لَمْ يَغِضْ مَا فِي يَدِهِ، وَكَانَ عَرْشُهُ عَلَى الْمَاءِ، وَبِيَدِهِ الْمِيزَانُ يَخْفِضُ وَيَرْفَعُ». (صحيح بخارى:4684).

«Аллоҳи Азза ва Ҷалла фармуд: инфоқ кун то ман бар ту инфоқ кунам» ва ҳамчунин он ҳазрат (с) фармудаст: «Дасти Аллоҳ пур аст ва инфоқ чизе аз он кам намекунад. Ӯ шабу рӯз мебахшад. Оё намебинед, ки аз он ду офариниш осмону замин, чӣ кадар инфоқ карда вале чизе аз он чӣ дар даст дорад, кам нашуда аст ва Арши Аллоҳ бар рӯи об қарор дорад, тарозӯ дар дасти ӯст, (ризқро) каму зиёд мекунад». (Саҳеҳи Бухорӣ 4684).

بارك الله لي ولكم ولسائر المسلمين الموحدين.

الحمد لله حمداً كثيراً طيباً مباركاً فيه، كما يحب ربنا ويرضى، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمدا عبده ورسوله، وعلى آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان إلى يوم الدين.

Эй аҳли имон ва тавҳид! Чуноне, ки медонед ҳамон тавре, ки вузӯ ва намоз шиканандаҳое дорад, ки онро ботил мекунад, тавҳид низ навоқиз ва шиканандаҳое дорад, ки фарди мӯмину муваҳҳид бояд мувозиб бошад, тавҳидаш ботил нашавад ва худое накарда табоҳ шудани тавҳид мисли табоҳ шудани вузу ва намоз нест. Тавҳид агар ботил шуд, мисли ин, ки садди мустаҳками инсон шикастааст ва дар чунин сурате, яъне роҳи вуруди инсон ба дӯзах боз шудааст.

Бисёр бояд боэҳтиёт бошем, ки худое накарда шайтон, ки душмани абадӣ ва азалии инсон аст, моро ба партовгоҳи ҳалокат накашонад. Роҳи наҷот аз дасти шайтонро ва соири авомили гумроҳӣ ва инҳироф дар ақида, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба Қуръони Карим ва Суннати саҳеҳи Расули Акрам (с) аст. Аллоҳи мутаъол дар каломи маҷидаш мефармояд:

( وَإِنْ يَمْسَسْكَ اللَّهُ بِضُرٍّ فَلَا كَاشِفَ لَهُ إِلَّا هُوَ وَإِنْ يَمْسَسْكَ بِخَيْرٍ فَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ17 ) [الأنعام: 17] «Ва агар Аллоҳ зиёне ба ту бирасонад, ҳеҷ кас ҷуз ӯ наметавонад онро бартараф созад ва агар хайре ба ту бирасад (ҳеҷ кас наметавонад монеъи он бошад), зеро ки зоти мутаъоли ӯ бар ҳар чиз тавоност».

Пас бояд яқин ва боварии комил дошта бошем, ки ҷуз Аллоҳи ягона ҳеҷ махлуқе аъам аз Паёмбарону Малоика ва соири Авлиё ва дӯстони Аллоҳ ҳеҷ кас наметавонад дар олам мофавқи асбоб, яъне дар умуре, ки аз тавони инсон хориҷ аст ба инсон нафъ ва зараре бирасонад, танҳо Аллоҳ ва парвардигори якто ва ягона аст, ки қудрат дорад суд ва зиён бирасонад ва мушкилотро бартараф намояд.

Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки фармуд: Рӯзе пушти сари Паёмбари Худо (с) бар маркабашон савор будам, фармуданд: «Фарзандам! Чанд сухан ба ту меомӯзам:

«احْفَظِ اللَّهَ يَحْفَظْكَ احْفَظِ اللَّهَ تَجِدْهُ تُجَاهَك، إِذَا سَأَلْتَ فَاسْأَل اللَّه، وَإِذَا اسْتَعَنْتَ فَاسْتَعِنْ بِاللَّه، واعلَم: أَنَّ الأُمَّةَ لَو اجتَمعتْ عَلَى أَنْ ينْفعُوكَ بِشيْء، لَمْ يَنْفعُوكَ إِلاَّ بِشَيْءٍ قَد كَتَبَهُ اللَّهُ لَك، وإِنِ اجْتَمَعُوا عَلَى أَنْ يَضُرُّوك بِشَيْء، لَمْ يَضُرُّوكَ إِلاَّ بَشَيْءٍ قد كَتَبَهُ اللَّه عليْك، رُفِعَتِ الأقْلام، وجَفَّتِ الصُّحُفُ». (سنن ترمذي 2516 و فرمود اين حديث حس صحيح است).

«Аллоҳро ҳифз кун, то туро ҳифз кунад. Ба ёди Аллоҳ бош, ӯро дар баробари худ хоҳӣ ёфт. Ҳар гоҳ чизе хостӣ, фақат аз Аллоҳ бихоҳ ва ҳар кӯмак мехоҳӣ, танҳо аз Аллоҳ кӯмак бихоҳ ва бидон! агар тамоми мардум ҷамъ шаванд, то ба ту суде бирасонанд, ҳаргиз нахоҳанд тавонист ба ту фоидае бирасонанд, магар фоидае, ки Аллоҳ дар тақдир бароят навишта бошад. Ва агар ҳама ҷамъ шаванд то ба ту зараре бирасонанд, ҳаргиз нахоҳанд тавонист зараре бирасонанд, магар зараре, ки Аллоҳ бароят навишта ва муқаддар карда бошад. Қалам бардошта шуда ва саҳифаҳо хушк гардида аст». (Сунани Тирмизӣ 2516 ва фармуданд ин ҳадис ҳасан саҳеҳ аст).

Пас бо таваҷҷӯҳ ба оёти каримаи Қуръони Карим ва аҳодиси саҳеҳи Расул (с) дуо кардан ва суолу кӯмак хостан аз Аллоҳ бар бандагонаш лозимаст, зеро дар суолу дуо ва кӯмак хостан аз Аллоҳи мутаъол, инсон аҷзу ниёзи худро матраҳ мекунад ва гӯё бандаи мӯмин дар баробари зоти мутаъол, ӯ ба қудрати бемисоли Худои таъоло эътироф мекунад ва мегӯяд: баланд кардани дасти ниёз барои рафъи ҳар зарару зиён ва орзӯ ва умеде, ҷуз ба Аллоҳи яктову ягона аз ҳеҷ касу ҳеҷ ҷои дигаре шоиста нест.

Аллоҳи зулҷалол тасвири баъзе аз инсонҳои носипосро нишон медиҳад, ки қобили диққат ва таъаммул аст:

( وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَتَّخِذُ مِنْ دُونِ اللَّهِ أَنْدَادًا يُحِبُّونَهُمْ كَحُبِّ اللَّهِ وَالَّذِينَ آَمَنُوا أَشَدُّ حُبًّا لِلَّهِ وَلَوْ يَرَى الَّذِينَ ظَلَمُوا إِذْ يَرَوْنَ الْعَذَابَ أَنَّ الْقُوَّةَ لِلَّهِ جَمِيعًا وَأَنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعَذَابِ 165 ) [البقرة: 165]

«Ва аз ҷумлаи мардум касоне ҳастанд, ки ғайр аз Аллоҳ ҳамтоеро интихоб мекунанд ва онҳоро монанди дӯстдоштани Аллоҳ дӯст медоранд, аммо мӯминон Аллоҳро бештар дӯст медоранд Ва он гоҳ, ки ин ситампешагон азобро бубинанд, дарёбанд, ки ҳамаи қудрат аз они Худост. Албатта Худо ба сахтӣ уқубат мекунад».

Оре, эй аҳли имон ва муштоқони тавҳид ва яктопарастӣ! Бузургтарин зулм ва сангинтарин гуноҳ инаст, ки ба Аллоҳ шарик оварда шавад ва ҳаққи холисе, ки фақат моли ӯст, ба дигарон дода шавад ва дигарон бо ӯ баробар дониста шаванд.

( إِنَّ اللَّهَ لَا يَغْفِرُ أَنْ يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَلِكَ لِمَنْ يَشَاءُ وَمَنْ يُشْرِكْ بِاللَّهِ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالًا بَعِيدًا 116 ) [النساء: 116]

«Бегумон, Аллоҳ шарик варзидан ба худро намеомӯрзад ва ғайр аз онро барои касе, ки бихоҳад мебахшад ва ҳар кас бо Аллоҳ шарик бигирад, яқинан бо гумроҳии дур аз ҳаққе саргардон шудааст».

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صل على محمد وعلى آل محمد كما صليت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد، اللهم بارك على محمد وعلى آل محمد كما باركت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد «، اللهم صل على محمد وأزواجه وذريته كما صليت على آل إبراهيم وبارك على محمد وأزواجه وذريته كما باركت على آل إبراهيم إنك حميد مجيد.

ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار. عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.