islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Мафҳуми ибодат дар Ислом


4212
Дарс Тавсифи
Мафҳуми ибодат дар Шариъати Ислом мафҳуми омест, ки шомили ҳама умури хайри дину дунявӣ мешавад. Ибодат исмест, ки шомили ҳамаи аъмол ва ақволе, ки мавриди ризояти Аллоҳ аст, мешавад ва мусалмон медонад, ки бандаи Аллоҳи мутаъол аст ва талош мекунад, то бандаи ҳақиқии Парвардигор бошад ва шарафу фазилати бандаи Аллоҳи мутаъол будан оидаш шавад, авомири Аллоҳи мутаъолро анҷом медиҳад ва аз навоҳии Аллоҳи мутаъол дар умури дину дунё, дурӣ мекунад.

Баёни ҳадаф ва маром аз хилқат.

Равшан сохтани мафҳуми ибодат дар Ислом.

Ибрози танаввуъи ибодат дар Ислом.

Баёни ин, ки анҷоми аъмоли мубоҳ ба хотири ризои Аллоҳ, сабаби тақарруб мебошад.

Хутбаи аввал

الحمد لله فاطر السموات والأرض، غافر الذنب وقابل التوب شديد العقاب، ذي الطول لا إله إلا هو إليه المصير، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له خلق فسوى، وقدر فهدى، وأخرج المرعى، فجعله غثاءً أحوى، وأشهد أن محمداً عبده ورسوله أرسله إلى جميع الثقلين الإنس والجن بشيراً ونذيراً، وداعياً إلى الله بإذنه وسراجاً منيراً، أقام الله به الحُجَّة، وأوضح الطريق، فصلوات الله وسلامة عليه وعلى آله وأصحابه وخلفائه الأربعة: أبي بكر وعمر وعثمان وعلي، وعلى سائر أصحابه الأخيار النجباء الأطهار. أما بعد:

Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَمَا خَلَقْنَا السَّمَاءَ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا لَاعِبِينَ 16 لَوْ أَرَدْنَا أَنْ نَتَّخِذَ لَهْوًا لَاتَّخَذْنَاهُ مِنْ لَدُنَّا إِنْ كُنَّا فَاعِلِينَ 17 ) [الأنبياء: 16 - 17]

«Мо ин осмону замин ва он чиро миёни он дуст, ба бозича наофаридаем. (16) Агар хостори бозичае мебудем, худ онро меофаридем, агар хоста будем».

Мусалмонон! Дар ин ояти карима ишора шудаст, ки бозӣ ва беҳӯдагарӣ бо соҳати ақдаси Илоҳӣ созгор нест ва агар бар фарзи маҳол ӯ саргармӣ мехост, ин бозичаҳо мутаносиби мақоми ӯ набуд. Оре! агар маҷмӯъаи ҳастиро ҳамроҳ бо мабдаъ ва мунтаҳои он дар назар бигирем, ҷаҳон пӯё ва ҳадафдор аст, ки бар асоси ҳақ ва ҳамроҳ бо ҳақ ва дорои ҳадафи собит буда ва фарҷоми он пирӯзии ҳақ аст, бинобарин офаринандаи ҷаҳони ҳастӣ дар пайи кори муҳимме будааст ва ҷаҳонро офаридааст, то мавҷуди шариф ва бо каромат, ҳамчун инсон дар он парвариш ёбад ва роҳи камолу саъодатро бипӯяд ва ҳақро бар ботил пирӯз гардонад ва ӯ таъолоро ба танҳои бипарастад.

Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ 56 ) [الذاريات: 56]

«Инсу ҷинро наофаридем, магар ин, ки маро ибодат кунанд».

Ибодат кунанд, то аз ин тариқ такомул ёбанд ва ба Аллоҳ наздик шаванд ва ҳадафи офариниши ҳастии Ҷину Инс ибодати Аллоҳ аст. Ибодат иборат аст аз он охирин ҳадди хузуъ ва тавозӯъ, ки унвони таъаллуқ ва вобастагии мутлақ ва таслим беқайду шарти обид дар баробари маъбуд анҷом мегирад, бинобарин ибодат ба маънои изҳори зиллат, олитарин навъи тазаллул ва сархамӣ дар баробари Аллоҳ аст.

Корномаи ҳамаи Анбиё (а) ва рисолоти онон низ, даъвати мардум ба парастиши Аллоҳ будааст ва равшан аст, ки Аллоҳи мутаъол ниёзе ба ибодати мо надорад, суди ибодат ба худи бандагон бармегардад. Ба ин тартиб мо ҳама барои ибодати Парвандигор офарида шудем, аммо муҳим инаст, ки бидонем ҳақиқати бандагӣ ва убудият чист?

«Абд» аз назари луғати Арабӣ ба инсоне мегӯянд, ки сар то по таъаллуқ ба мавло ва соҳиби худ дорад. Иродааш тобеъи иродаи ӯ ва хостааш тобеъи хости ӯст. Дар баробари ӯ молики чизе нест ва дар итоъати ӯ ҳар гиз сустӣ ба худ роҳ намедиҳад ва ба таъбири дигар, убудият –он гуна, ки дар мутуни луғат омада- изҳори охирин дараҷаи хузуъ дар баробари маъбуд аст ва ба ҳамин далел танҳо касе метавонад маъбуд бошад, ки ниҳояти инъом ва икромро кардааст ва ӯ касе ҷуз Аллоҳ нест. Бинобарин убудият ниҳояти авҷи такомули як инсон ва қурби ӯ ба Аллоҳ аст. Убудият ниҳояти таслим дар баробари зоти поки ӯст, убудият итоъати беқайду шарт ва фармонбардорӣ дар тамоми заминаҳост ва билохира убудияти комил онаст, ки инсон ҷуз ба маъбуди воқеъӣ, яъне Аллоҳи таборак ва таъоло наяндешад, ҷуз дар роҳи ӯ гом бар надорад ва ҳар чӣ ғайр аз ӯст, фаромӯш кунад, ҳатто хештанро!

Ва инаст ҳадафи ниҳонии офариниши башар, ки Аллоҳ барои вусул ба он майдони озмоише фароҳам сохта ва илму огоҳӣ ба инсон дода ва дар натиҷаи ниҳоиш низ, ғарқ шудан дар уқёнӯси раҳмати ӯст.

Парастиш ҷузъе аз вуҷуд ва кашиши фитрии инсон аст. Ин рӯҳи парастиш, ки дар инсон фитрист, ба парастиши сангу чуб ва хуршеду гов ва пулу мошин ва ҳамсар ва парастиши тоғӯтҳо кашида мешавад.

Анбиё барои эҷоди ҳисси парастиш наёмаданд, балки беъсати онон, барои ҳидояти ин ғаризаи фитрӣ ба масири дуруст аст. Бештари оёти марбут ба ибодат дар Қуръон, даъват ба тавҳид дар ибодот мекунад, на асли ибодат, зеро рӯҳи ибодат дар инсон вуҷуд дорад, мисли майл ба ғизо, ки дар ҳар кӯдаке ҳаст, вале агар роҳнамои нашавад, ба ҷои ғизо хок мехурад ва лаззат ҳам мебарад. Он гуна, ки дар набуди ҳазрати Мусо (а) ва ғайбати чиҳилрӯзааш, мардум бо иғвои Сомирий, ба парастиши гӯсолаи тиллойи Сомирий рӯй оварданд.

Мусалмонон! Вазифаи ҳақиқие, ки инсон ба хотири он офарида шудааст, ҳамин ибодати Аллоҳи таъоло аст ва чун ҳақиқати ибодат, камоли муҳаббат ва фурӯтанӣ ва итоъат барои Аллоҳи мутаъол аст, аз ин рӯ ибодат шомили ҳамаи он чӣ мешавад, ки Аллоҳ таъоло онҳоро дӯст медорад ва онро меписандад, пас ибодат мунҳасир бар адои шаъоиру маносики хос намебошад.

Аллоҳ таборак ва таъоло инсонро роҳнамойи карда, ки чӣ гуна Аллоҳи бузургро ибодат ва парастиш намояд. Таклифҳои шаръӣ ва ибодоте, ки Аллоҳ таъоло инсонро ба анҷоми он фармон додааст, машрут ба доштани ақли солим ва иститоъату тавони анҷом додани он аст. Аллоҳ таъоло инсонро ба чизе, ки тавони анҷоми онро надорад, мукаллаф намесозад ва тамоми таклифҳо ва воҷиботи шаръӣ, ки Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу ба адои онҳо фармон додааст, барои ақл ва раъйи инсон маҷоли тағйиру табдил ва ҳазфу зиёдат дар он нест.

Асл дар ибодат, пайравӣ аз китоби Аллоҳ ва суннати Расули Аллоҳ аст. Бархе аз ибодат ҳоли зоҳирианд ки ба ҷасаду андомҳои инсонӣ таъаллуқ доранд, монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закот ва тиловати Қуръону дуо ва корҳои сӯдманду муфид ва саъюу ҳаракат дар замин ва бархе аз ин ибодот, ибодоти ботинӣ мебошанд, ки бо қалб анҷом дода мешавад, мисли сано ва ситоиш ва шукри Аллоҳ ва муҳаббату тарс аз ӯ таъоло ва умед барои ӯ ва тавба ба сӯи ӯ ва таваккал бар вай ва сабру шикебойи ва ҳифзи қалб аз кина ва буғзу ҳасад ва тафаккур дар халқи Аллоҳ.

Ибодати Аллоҳ ба чизе, ки машрӯъ шуда ва тариқае, ки машрӯъ гардида, беҳтарин васила барои тақарруб ва наздикӣ ба сӯи Аллоҳ аст ва балки он ягона роҳ барои дарёфти ризои ӯст.

Аз шурути қабули ибодат назди Аллоҳ, ихлоси ният барои Аллоҳ ва пайравӣ аз фиристодаи ӯ, ҳазрати Муҳаммад (с) дар кайфияти адои он ибодот аст. Баландтарин ва олитарин мартабаи ибодат онаст, ки банда бояд парвардигорашро тавре ибодат кунад, ки гӯё ӯро медида бошад ва агар ӯ парвардигорашро дида наметавонад ва намебинад, яқин дорад, ки Аллоҳ ӯро мебинад ва ин дараҷаи (эҳсон) дар ибодат аст.

Бояд донист, ки яке аз бузургтарин анвоъи ибодат инаст, ки инсон аз дил ақида дошта бошад, ки ибодат ҳаққи Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу бар бандагон аст ва онҳо муваззафанд, то онро ба ҷо оваранд, ҳамчунон, ки соҳибони ҳақ, ҳаққи худро мехоҳанд.

Паёмбар (с) ба ҳазрати Маъоз (р) фармуд:

«يَا مُعَاذُ أَتَدْرِى مَا حَقُّ اللَّهِ عَلَى الْعِبَادِ» . قَالَ اللَّهُ ورَسُولُهُ أَعْلَمُ. قَالَ «أَنْ يَعْبُدُوهُ وَلاَ يُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا ، أَتَدْرِى مَا حَقُّهُمْ عَلَيْه اذا فعلوا ذلک» . قَالَ اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَعْلَمُ . قَالَ «أَنْ لاَ يُعَذِّبَهُمْ». (متفق عليه)

"Эй Маъоз! оё медонӣ, ки ҳаққи Аллоҳ бар бандагон чист? Фармуд: Аллоҳ ва Расулаш беҳтар медонанд! Он ҳазрат (с) фармуданд: Ҳаққи Аллоҳ бар бандагон инаст, ки ӯро ибодат кунанд ва барои ӯ шарик қарор надиҳанд," ва он медонӣ ҳаққи бандагон бар Аллоҳ чист агар ин корро бикунанд? Фармуд: Аллоҳ ва Расулаш беҳтар медонанд! Фармуданд: "Ҳаққи бандагон бар Аллоҳ инаст, ки ононро азоб накунад". (Муттафақун алайҳӣ).

Ҳоло донистем, ки рисолати инсон дар паҳлӯйи пиёда намудани низоми Илоҳӣ дар рӯи замин, ибодати Аллоҳ аст ва ибодат исмест, ки дарбаргирандаи тамоми гуфтору кирдорҳои ботинӣ ва зоҳирӣ, ки мавриди писанду қабули Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу қарор бигирад, шомил мешавад. Бинобирин намозу рӯза ва ҳаҷҷу ростгӯйи ва амонатдорию эҳсон ба падару модар ва ҳифзи пайвади хешовандӣ ва пойбандӣ ба аҳду паймон ва амри ба маъруфу наҳй аз мункар ва ҷиҳоди куффору мунофиқин ва хубӣ ба ҳамсояҳо ва ятиму дармонда ва ғарибу асир ва ҳайвонот ва азкору ниёиш ва тиловати Қуръон ва аз ҳамин қабил корҳо, намунаҳои вокеъӣ аз ибодат мебошанд.

Ба ин тиртиб мебинем, ки ибодат дорои уфуқи паҳновар ва ҳавзаи густарда аст. Оре, ибодат ҳамаи абъоди зиндагиро фаро мегирад, аз шеваи ғизо хурдан, то масоили ташкили давлат, сиёсат, ҳукумат, умури тиҷоратӣ, кайфар ва ҷазо ва усулу равобити байналмилалӣ дар ҳоли ҷангу сулҳ, ҳама ва ҳама таҳти низом ва пӯшиши ибодат медароянд. Ба ҳамин ҷиҳат мулоҳиза мешавад, ки Китоби Аллоҳ, бандагони мӯминро бо дастӯроти таклифӣ ва аҳкоми шаръие, ки ҷанбаҳои гуногуни зиндагиро шомил мегарданд, мавриди хитоб қарор додааст.

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم. أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلمين فاستغفروه انه هو الغفور الرحيم.

الحمد لله حمدا يليق بجلال وجهه وعظيم سلطانه ، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له ، وأشهد أن محمدا عبد الله ورسوله ، صلوات الله سلامه عليه وعلى آله وأصحابه ومن سار على نهجه إلى يوم الدين وبعد:

Бародарони мусалмон! Аллоҳ дини Исломро дине дар ҳадди эътидолу васат қарор дода, ҳамон тавр, ки уммати Исломӣ дар байни умматҳои дигар, уммати васат ва дар ҳадди эътидол ва бидуни ифрот ва зиёдарави ва тафрит аст, лизо мусалмонон бояд дар ҳамаи умур миёнарав бошад, ҳатто дар тоъот ва ибодот аз тундӣ ва кундӣ бипарҳезад, зеро Аллоҳ динро барои бандагон осон гардонида аст, чунон ки мефармояд:

( يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ) [البقرة: 185]

«Аллоҳ ба шумо иродаи осонӣ дорад ва иродаи дӯшворӣ бар шумо надорад».

Аз Уммулмӯминин Ойша (р) ривоят аст, ки фармуд:

«دخَلَ عليْها وعِنْدها امْرأَةٌ قال: منْ هَذِه؟ قالت: هَذِهِ فُلانَة تَذْكُرُ مِنْ صَلاتِهَا قال: « مَهُ عليكُمْ بِما تُطِيقُون، فَوَاللَّه لا يَمَلُّ اللَّهُ حتَّى تَمَلُّوا وكَانَ أَحَبُّ الدِّينِ إِلَيْهِ ما داوَمَ صَاحِبُهُ علَيْهِ». (متفقٌ عليه).

«Паёмбар (с) назди Ойша (р) омаданд, дар ҳоле, ки зане назди ӯ нишаста буд. Фармуданд: «ин зан кист? Фармуд: ин фулонист ва аз намозхонданаш ёдоварӣ кард, фармуданд: «фақат он чиро, ки метавонед анҷом диҳед, савганд ба Аллоҳи мутаъол, ки зоти якто малӯл намешавад ва савобашро қатъ намекунад, то замоне, ки шумо хаста нашавед ва беҳтарин амал назди Расули Аллоҳ (с) амале буд, ки соҳибаш бар вай мудовамат намояд». (Муттафақун алайҳӣ).

Ибни Ҷавзӣ (р) мефармояд: «Беҳтарин амал мудовимтарини он аст, зеро давоми хайр мусталзими савоби мудовим аст ва мафҳуми ҳадис ризояти эътидол ва миёнаравӣ дар тамоми умур, ҳатто ибодот аст, ҳамчуноне, ки аз Анас (р) ривоят аст, ки фармуд:

«جاءَ ثَلاثةُ رهْطِ إِلَى بُيُوتِ أَزْواجِ النَّبِيِّ -صَلّى اللهُ عَلَيْهِ وسَلَّم- يسْأَلُونَ عنْ عِبَادَةِ النَّبِيِّ -صَلّى اللهُ عَلَيْهِ وسَلَّم-، فَلَمَّا أُخبِروا كأَنَّهُمْ تَقَالَّوْها وقالُوا: أَين نَحْنُ مِنْ النَّبِيِّ صَلّى اللهُ عَلَيْهِ وسَلَّم قَدْ غُفِر لَهُ ما تَقَدَّم مِنْ ذَنْبِهِ وما تَأَخَّر. قالَ أَحَدُهُم: أَمَّا أَنَا فأُصلِّي الليل أَبدا، وقال الآخَر: وَأَنا أَصُومُ الدَّهْرَ أبداً ولا أُفْطِر، وقالَ الآخر: وأَنا اعْتَزِلُ النِّساءَ فلا أَتَزوَّجُ أَبداً، فَجاءَ رسول اللَّه صَلّى اللهُ عَلَيْهِ وسَلَّم إلَيْهمْ فقال: « أَنْتُمُ الَّذِينَ قُلْتُمْ كذا وكذَا؟، أَما واللَّهِ إِنِّي لأَخْشَاكُمْ للَّهِ وَأَتْقَاكُم له لكِني أَصُومُ وَأُفْطِر، وَأُصلِّي وَأَرْقُد، وَأَتَزَوّجُ النِّسَاءَ، فمنْ رغِب عن سُنَّتِي فَلَيسَ مِنِّى».(متفقٌ عليه).

«Се шахс ба хонаҳои занони Паёмбар (с) омаданд аз ибодоти Паёмбар (с) пурсиш намуданд, чун барои эшон гуфта шуд, гӯё онро кам шумориданд ва гуфтанд: мо бо Паёмбар (с) чӣ муносибате дорем, дар ҳоле, ки гуноҳони гузаштаву ояндаи эшон бахшида шуда? Яке аз эшон гуфт: «ман ҳамеша дар тамоми умр тамоми шаб намоз мегузорам», дигаре гуфт: «ман тамоми умр рӯза медорам» ва саввуми гуфт: «ман аз занҳо дурӣ меҷӯям ва ҳар гиз издивоҷ намекунам!», Расули Аллоҳ (с) омад ва фармуд: «Шумо ҳамон касоне ҳастед, ки чунину чунон гуфтед? Аммо ба Аллоҳ савганд, ки ман аз ҳамаи шумо аз Аллоҳ бештар метарсам ва аз ҳамаи шумо парҳезгортарам ва ман рӯза мегирам ва ҳам ифтор мекунам ва намоз мехонам ва хоб меравам ва бо занон никоҳ мекунам ва касе, ки аз суннату тариқаи ман рӯй гардонад, аз ман нест».

Ҳамчунин он ҳазрат (с) фармуданд:

«هَلَكَ الْمُتَنَطِّعُونَ » قالَهَا ثلاثا. (رواه مسلم).

«Ҳалок шуданд «мутаъанитун» (касоне, ки бемаврид сахгирӣ карда ва дар гуфтору кирдорашон ғулӯ менамоянд». (Равояти Муслим).

Дар ҳадиси дигар мефармояд:

«إِنَّ الدِّينَ يُسْر، ولنْ يشادَّ الدِّينُ إلاَّ غَلَبه فسدِّدُوا وقَارِبُوا وَأَبْشِرُوا، واسْتعِينُوا بِالْغدْوةِ والرَّوْحةِ وشَيْءٍ مِن الدُّلْجةِ». (رواه البخاري).

«Дар ҳақиқат дин осон аст ва касе, ки бо дин ба муқобила бархезад ва сахтгирӣ кунад, нокому мағлуб мегардад, пас ҳақро талаб намуда ва худро ба он наздик сохта ва шод бошед ва бо ҳаракати субҳгоҳӣ ва шомгоҳӣ ва охири шаб, ёрӣ ҷӯед». (Бухорӣ).

Яъне дар вақтҳои нишот ба анҷоми аъмоли солеҳа бипардозед.

Ривоят аст, ки Паёмбар (с) миёни Салмон (р) ва Абӯдардо (р) ақди ухуват ва бародарӣ бастанд. Салмон (р) ба дидани Абӯдардо (р) омад, дид, ки Умми Дардо (р) либосҳои кӯҳнаро пӯшида, суол кард, ки чаро ин таврӣ? Вай гуфт: Зеро бародарат Абӯдардо (р) ба занон майле надорад, дар ин ҳангом Абӯдардо (р) омада, таъомеро барои Салмон (р) омода карда гуфт: бихур, зеро ман рӯза дорам!. Салмон (р) гуфт: То ту нахурӣ ман намехурам ва нон хурд. Чун шаб шуд Абӯдардо (р) хост барои адои намоз бархезад, Салмон (р) фармуд: хоб шав, боз хост бархезад, Салмон (р) фармуд: бихоб. Чун охири шаб шуд, Салмон (р) фармуд: ҳоло бархез, ҳар ду бархоста намоз гузориданд. Салмон ба вай фармуд: «Ҳар ойина Аллоҳ бар ту ҳаққе дорад ва нафси ту бар ту ҳаққе дорад ва хонаводаат ба ту ҳаққе дорад ва ҳаққи ҳар касро ба ӯ адо кун». Вай назди Расули Акрам (с) омада мавзӯъро ёдоварӣ намуд. Паёмбар (с) фармуд: «Салмон рост гуфтааст». Саҳеҳи Бухорӣ.

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين. اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.