islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Эътидол ва миёнаравӣ дар Ислом


3422
Дарс Тавсифи
Дини Ислом дини миёнаравист ва дини адолату истиқомат. Дар Қуръони карим ва Суннати набавӣ оёту аҳодиси зиёде дар мавриди миёнаравӣ Ислом ва эътидоли он вуҷуд дорад ва миёнаравӣ ба хато намеравад, зеро ҳаққест, ки аз осмон нозил шуда ва дар он ғулӯ ва кӯтоҳӣ, ҳеҷ кадом вуҷуд надорад ва ифроту тафрит дар он нест ва исрофу камкорӣ дар он нест ва сустӣ дар он роҳе надорад.

Баёни ин, ки миёнаравӣ, матлаби бузурги Ислом аст.

Ислом дини фитрат аст.

Барҳазар доштан аз фитнаи ғулӯ ва хушӯнат.

Хутбаи аввал

الحمد لله منزل الكتاب، هدى وذكرى لأولي الألباب، والصلاة والسلام على نبينا محمد المفضل على البشر بجوامع الخطاب، وعلى آله المطهرين والأصحاب.

وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمداً عبده ورسوله شهادة تنجي صاحبها يوم الحساب.

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا 1 ) [النساء: 1]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا70 يُصْلِحْ لَكُمْ أَعْمَالَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِيمًا 71 ) [الأحزاب:70 - 71] أما بعد:

Аллоҳи мутаъол дар Қуръони карим мефармояд:

( وَكَذَلِكَ جَعَلْنَاكُمْ أُمَّةً وَسَطًا لِتَكُونُوا شُهَدَاءَ عَلَى النَّاسِ وَيَكُونَ الرَّسُولُ عَلَيْكُمْ شَهِيدًا) [البقرة: 143]

«Ва ҳамчунин шуморо уммати васат гардонидем».

Васат дар луғат: миёна ё маркази доираи як чизест, сипас барои сифоти писандида, ба орият гирифта шуда, зеро ҳар сифати писандидае дар миёни ифроту тафрит, қарор дорад, пас васат яъне, баргузида ва беҳтар, ё миёнарав.

Инби Касир (р) дар инҷо маънои «баргузида ва беҳтар» ро барои (васат) зикр карда ва мефармояд: «Аз он ҷо, ки Аллоҳи мутаъол ин умматро, уммати баргузида гардонид, онро ба комилтарин шариъатҳо ва устувортарин барномаҳо ва равшантарин равишҳо, махсус сохт».

Чунон, ки мефармояд:

( وَجَاهِدُوا فِي اللَّهِ حَقَّ جِهَادِهِ هُوَ اجْتَبَاكُمْ وَمَا جَعَلَ عَلَيْكُمْ فِي الدِّينِ مِنْ حَرَجٍ مِلَّةَ أَبِيكُمْ إِبْرَاهِيمَ ) [الحج: 78]

«Дар роҳи Худованд, чунон ки бояд ҷиҳод кунед. Ӯ шуморо баргузид. Ва бароятон дар дин ҳеҷ душворие падид наёвард. Ин дин, ойини падаратон Иброҳим аст».

Оре! шумо дар ҳама умур дину дунё, беҳтарин умматҳо ва миёнаравтарини онҳо буда ва аз ҳар гуна ифроту тафрит дур ҳастед, на монанди Яҳуд ва мушрикини модигаро ҳастед ва на монанди бархе аз масеҳиён, рӯҳонии маҳз, балки шумо ҳаққи ҷисму рӯҳ –ҳар ду- ро адо карда ва бо фитрати инсонӣ ҳамово мебошед, «то бар мардум гувоҳ бошед», яъне: шуморо уммати васат гардонидем, то дар рӯзи қиёмат барои Анбиёи Илоҳӣ алайҳи умматҳояшон гувоҳӣ бидиҳед, ки эшон қатъан паёми Аллоҳи мутаъолро, ки маъмури таблиғи он барои умматҳояш буданд, ба онҳо расонидаанд, «ва Паёмбар бар шумо гувоҳ бошад», яъне: Паёмбари хотам (с) барои шумо гувоҳӣ диҳад, ки паёми Илоҳиро ба шумо иблоғ кардааст.

Дар ҳадиси шариф аст, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд:

«يَجِيءُ نُوحٌ وَأُمَّتُهُ، فَيَقُولُ اللَّهُ تَعَالَى: هَلْ بَلَّغْتَ؟ فَيَقُولُ: نَعَمْ أَيْ رَبِّ، فَيَقُولُ لِأُمَّتِهِ: هَلْ بَلَّغَكُمْ؟ فَيَقُولُونَ: لاَ مَا جَاءَنَا مِنْ نَبِيٍّ، فَيَقُولُ لِنُوحٍ: مَنْ يَشْهَدُ لَكَ؟ فَيَقُولُ: مُحَمَّدٌ- صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَآله وسَلَّمَ- وَأُمَّتُهُ» صحيح بخاري

«Нӯҳ (а) дар рӯзи қиёмат фаро хонда мешавад, пас ба вай гуфта мешавад: оё паёми Илоҳиро иблоғ кардаи? мегӯяд: оре! он гоҳ қавмаш фаро хонда мешавад ва ба онон гуфта мешавад: оё Нӯҳ паёми ҳақро ба шумо расонд? мегӯянд: назди мо ҳеҷ Паёмбаре наомадааст! Он гоҳ ба Нӯҳ гуфта мешавад: Ки барои ту гувоҳӣ медиҳад? мегӯяд: Муҳаммад (с) ва умматаш».

Ҳамчунин дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд:

«أَنَا وَأَمْتَى يَوْم الْقِيَامَة عَلَى كَوْم مُشْرِفِينَ عَلَى الْخَلَائِق مَا مِنْ النَّاس أَحَد إِلَّا وَدَّ أَنَّهُ مِنَّا وَمَا مِنْ نَبِيّ كَذَّبَهُ قَوْمه إِلَّا وَنَحْنُ نَشْهَد أَنَّهُ قَدْ بَلَّغَ رِسَالَة رَبّه عَزَّ وَجَلَّ" (مَرْدَوَيْهِ وَابْن أَبِي حَاتِم).

"Ман ва умматам рӯзи қиёмат бар тепае мушарраф ба халоиқ қарор дорем. Ҳеҷ як аз мардум нест, магар ин, ки орзӯ мекунад, ки кош ӯ ҳам аз ҷумлаи мо буд ва ҳеҷ Паёмбаре нест, ки қавмаш ӯро такзиб карда бошанд, магар ин, ки мо гувоҳӣ медиҳем, ки ӯ паёми Парвардигори хешро ба онон расонидааст".

Бародарону хоҳарони гиромӣ! Эътидол ва миёнаравӣ дар биниш ва манишу равиш, дармони тамоми дардҳо ва ҳалли тамоми нобасомониҳои ношӣ, аз парокандагӣ ва ақибмондагии илмию иқтисодӣ ва сиёсию иҷтимоъӣ аст.

Барои рӯёрӯи бо раванди рӯ ба рушди рӯйкардҳои нораво, каҷандешиҳои касалкунанда ва бардоштҳои хонмонбарандоз, ба мо лозим аст, ки манҳаҷи миёнаравӣ ва мафоҳим ва мабонии эътидолро, тавзеҳ диҳем ва барои таблиғ ва тақвияташ, аз тамоми трибунҳо ва расонаҳо истифода намоем.

Мавзӯъи бисёр ҳассос ва ҳаётист ва фикр мекунам, ки яке аз муҳимтарин авлавиятҳо ва масъулиятҳои олимон ва андешмандону мубаллиғон ва тамоми касоне, ки худро ҳомили паёми Паёмбари гиромӣ (с) мешуморанд, инаст ки барои ғуборрӯбӣ аз ойини эътидол ва чеҳраи Қуръон ва Суннати сареҳи Паёмбар (с), аз тамоми тавони хеш, баҳра бигиранд.

Асосан "эътидол ва васатият", чист? Вижагиҳо, меҳварҳо ва зобитаҳое, ки поя ва асоси васатият ва эътидоланд, чист?

Мо барои асли муҳим ва ҳассоси васатият дар Ислом бист вижагиро дар назар гирифта ва хидмати шумо азизон баён мекунем.

Вижагиҳои мабонии кулли эътидол ва миёнаравӣ:

Шинохти ҳамаҷонибаи Ислом, бо авсоф ва вижагиҳо, ки дарбаргирандаи:

"Ақоид, ҷаҳонбинӣ, аҳком ва қонунгузорӣ, илму амал, ибодоту муъомилот, арзишҳои ахлоқӣ ва тавонмандиҳои башарӣ, фарҳанг ва фирҳихтагӣ, даъват ва давлат, дину дунё ва тамаддуну уммат", мебошад.

Имон ба марҷеъият ва меҳварияти Қуръони карим (ваҳйи Илоҳӣ) ва Суннати набавӣ дар ҷиҳати қонунгузорӣ.

Тавҷеҳгирӣ ва сомондиҳии зиндагӣ, ҳамвора бо зарурати шинохти (нусуси ҷузъии) Қуръон ва Суннат, дар партави "аҳдоф ва мақосиди кулли" и Ислом ва шариъати Исломӣ, ҳамчунин нодуруст шумурдани бениёзии он ду аз якдигар, яъне адами иктифо ба куллиёт ва канор ниҳодани ҷуъзъиёт ва ё басанда намудан ба фуруъ ва канор гузоштани усул.

Зарурати шинохти рӯҳу моҳияти боварҳо ва арзишҳо, қабл аз таваҷҷӯҳ ба шаклу зоҳири онҳо ва авлавият додан ба "аъмоли қулуб ва дарун" бар "аъмоли аъзо ва берун".

Шинохти фазилати ақл дар фаҳми дин ва зиндагӣ ва қабул накардани андешаи таъоруз миёни "нақли саҳеҳ ва ақли сареҳ" ё рӯ дар рӯи миёни ваҳйи Илоҳӣ ва ақли инсонӣ, зеро онҳо, ду нури такмилкунандаи якдигаранд ва ҳар як аз хурмат ва ҳудуди хосе бархурдоранд. Созгорӣ ва ҳамовойи миёни "моддият ва маънавият, дунё ва охират, раббоният ва инсоният ва ҳаққи офаридагор ва ҳаққи офарида ва байни навоварии илмӣ ва моддӣ ва арзишҳои волои маънавӣ.

Гуфтугӯи далеронаи аҳли имон –бо баҳрагирӣ аз беҳтарин роҳкорҳо- бо мухолифон ва дигарандешон, аъам аз мухолифони эътиқодӣ, мазҳабӣ ва ё мухолифони сиёсӣ. (ба истиснои ононе, ки аз дари ситам ва таҷовузгарӣ, ворид мешаванд).

Таъкид бар рӯи ниҳодина кардани усул ва арзишҳои инсонии иҷтимоъӣ ва амалӣ намудани онҳо, монанди: адолату додгарӣ ва эҳсону (накӯкорӣ, хайрхоҳӣ ва амалкарди дуруст) шуро ва интихобу ҳифзи ҳуқуқ ва каромати инсон ва ғайра.

Осонгири дар арсаи "мабонӣ ва мақосид" ва инъитофпазирӣ дар майдони "абзорҳо ва роҳкорҳо". Ба иборати дигар, муҳофизат аз "усул ва куллиёт" ва нармишу инъитоф дар арсаи "фурӯъ ва ҷузъиёт".

Осонгирӣ дар масъалаи "фатво" ва башорату утуфат дар фазои "даъват" ва агар ташаддуд ва сахтгирӣ зарурат пайдо кунад, ба ҳифзи "усул" басанда гардад ва ба ҳудуди "фурӯъ" гом наниҳад.

Эҷоди созгорӣ ва ҳамоҳангӣ миёни "завобити шаръиат ва мутағайироту таҳаввулоти замон" ва дар назар гирифтани таҳавввулоти зиндагӣ, ҷуғрофӣ ва аҳволи иҷтимоъӣ дар дигаргунии "фатво ва таблиғ ва таълиму тарбият".

Оштӣ додан миёни воло ё дилбастагӣ ва вобастагӣ ба аҳли имон ва тасомуҳу осонгирӣ бо мухолифон ва дигарандешон.

Зарурати эҳтимом ба асли "ҷиҳод ва муқовамат" ва фароҳам намудани имконоти лозим дар ҷиҳати рӯёрӯи бо зургӯён ва мутаҷовизон ва сулҳу созиш бо сулҳталабон ва мусолиматҷӯён.

Талоши тадриҷии хирадмандона дар арсаҳои даъвату таблиғ ва фатвову таълим ва ислоҳ, зеро кори тадриҷӣ ҳамон гуна, ки қонуни табиъист, ҳукми шаръӣ низ ҳаст.

Таъовун ва ҳамкорӣ миёни гароишҳо ва ҷамоъатҳои мусалмон бар пояи умури мавриди иттифоқ ва тасомуҳ ва гуфтугӯ дар иртибот бо умури ихтилофӣ, талош ва таъовун дар ростойи созандагӣ ва болидагӣ ва рӯйгардонӣ аз парокандагӣ ва вайронгарӣ.

Рафтор ва таъомули Исломӣ ва додгарона бо занон ва муроъоти ҳуқуқи онон тибқи Қуръон ва Суннат, озод намудани онҳо аз қайду бандҳои ҷоҳилият ва умуре, ки ҳеҷгуна иртиботе бо таълимоти таъолимбахши Ислом надоранд ва дар бисёре аз мавридҳо тамоман бо онҳо дар таззоданд.

Эътироф ва муроъоти ҳуқуқи ақалиятҳои динӣ ва мазҳабӣ бар асоси мавозини Исломи ва таъомул бо онҳо бар асоси хайрхоҳӣ некрафторӣ ва бародарии инсонӣ.

Зарурати талош дар ҷиҳати бозсозии динӣ аз дарун ва эҳёи фаризаи "иҷтиҳод" ва таҷдид дар ҳудуд ва чаҳорчуби он –яъне дар ҳавзаи "занниёт на қатъиёт"- аъам аз ин, ки он иҷтиҳод ихтиёрӣ ё иншойи (куллӣ ва ё ҷузъӣ) бошад". Албатта аз ҷониби ҷиҳоте, ки аҳлият ва шароиташро дошта бошанд.

Талоши ҷиддӣ дар ҷиҳати тадвини "фиқҳи Қуръонӣ ва Набавии ҷадид, фиқҳи суннатҳои ҳоким бар низоми ҳастӣ, фиқҳи мақосиди шариъат, фиқҳи ояндагӣ ва барномарезӣ, фиқҳи мувозанаҳо ва санҷиш байни падидаҳо, фиқҳи авлавиёт миёни умур, фиқҳи тамаддун ва пешрафт, фиқҳи ихтилофи машрӯъ ва тафриқаи мазмум ва фиқҳи воқеъиятҳои мавҷуд".

Баҳрагирии баҳина аз бартарин роҳкорҳои арзишии мавҷуд дар: таҷрибаҳои илмӣ, мероси таърихӣ ва фарҳангу тамаддуни исломӣ, монанди: қонун ва зобитаи меҳварии фақиҳон, усулгароии усулиён, хирадгароии ҳакимон, ривояти мустанади муҳаддисон ва зарофат ва зебоишиносии шоъирон ва адибон.

Инсиҷом ва ҳамоҳангӣ миёни илҳом аз гузашта ва ҳамовойи ва рӯйоварӣ ба ҳол ва оянда.

أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

الحَمْدُ لِلهِِ رَبِّ العَالمِينْ، وَالصَّلاَةُ وَالسَّلاَمُ عَلىَ نَبِينّا مُحَمّدٍ ­­، وَعَلى آلِهِ وَأصْحَابهِ وَمَنْ دَعَا بِدَعْوَتِهِ إلىَ يَوْمِ الدِّيْن. أمّا بعد

Иддае аз ёрони Расули Аллоҳ (с) ҷамъ шуданд ва аз рафтору аъмоли Расули Аллоҳ (с) дар хона ва дур аз чашми мардум аз ҳамсарони Паёмбари Аллоҳ (с) суол карданад, пас ин аъмоле, ки Паёмбар (с) дар хона ва дур аз чашми дигарон анҷом медоданд, дар назари онҳо кам ва ночиз омад, гуфтанд: ҳамоно Аллоҳи мутаъол, гуноҳони гузашта ва ояндаи Паёмбар (с) бахшидааст, вале мо ба аъмоле беш аз инҳо эҳтиёҷ дорем, то ин, ки Аллоҳи Азза ва Ҷалла гуноҳони моро мавриди бахшиш қарор диҳад, пас яке аз онҳо ба худ аҳд кард, ки рӯза бигирад ва ҳаргиз ифтор накунад, ва дуввумӣ бо худ аҳд кард, ки тамоми шабро ба намозу ибодат, мегузаронад ва ҳар гиз намехобад ва истироҳат намекунад, ва саввумӣ бо худ аҳд кард, ки ҳар гиз издивоҷ накунад, сипас ин хабар ба Расули Аллоҳ (с) расид, Расули Аллоҳ (с) фармуданд:

«أَنْتُمُ الَّذِينَ قُلْتُمْ كَذَا وَكَذَا، أَمَا وَاللَّهِ إِنِّي لَأَخْشَاكُمْ لِلَّهِ وَأَتْقَاكُمْ لَهُ، لَكِنِّي أَصُومُ وَأُفْطِرُ، وَأُصَلِّي وَأَرْقُدُ، وَأَتَزَوَّجُ النِّسَاءَ، فَمَنْ رَغِبَ عَنْ سُنَّتِي فَلَيْسَ مِنِّي» (بخاري).

«Оё шумо будед, ки чунин ҳарфҳоро мезадед, аммо ман ба Аллоҳ савганд, ки аз шумо карда аз Худо зиёдтар метарсам ва аз шумо ботақвотар ҳастам, локин рӯза мегирам ва ифтор мекунам ва ҷузъи аз шабро ба ибодат мегузаронам ва ҷузъи дигарро ба истироҳат мепардозам ва издивоҷ мекунам, пас ҳар кас аз суннату равиши ман рӯй мегардонад, аз ман нест». (Бухорӣ).

Ва Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا كُونُوا قَوَّامِينَ بِالْقِسْطِ شُهَدَاءَ لِلَّهِ وَلَوْ عَلَى أَنْفُسِكُمْ أَوِ الْوَالِدَيْنِ وَالْأَقْرَبِينَ إِنْ يَكُنْ غَنِيًّا أَوْ فَقِيرًا فَاللَّهُ أَوْلَى بِهِمَا فَلَا تَتَّبِعُوا الْهَوَى أَنْ تَعْدِلُوا وَإِنْ تَلْوُوا أَوْ تُعْرِضُوا فَإِنَّ اللَّهَ كَانَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرًا 135 ) [النساء: 135]

«Эй касоне, ки имон овардаед! Ба дод бархезед барои Аллоҳ», яъне: ба барпо доштани ҳаққи Аллоҳ мутаъаҳҳид бошед ва бар он барпо хезед, ба манзури касби ризо ва таъзими амри вай ва ба ангезаи тамаъ дар савоб ва бим аз иқоби вай, на барои ризои мардум ва касби номи нек дар миёни онон. Таъбири (қаввомин) ба сиғаи муболиға, муфид онаст, ки мӯминон маъмӯранд то ба беҳтарин шакл ба барпо доштани ҳаққи Илоҳӣ, ба по хезанд, «гувоҳидиҳангон ба қист бошед», на ситам. Қист адл аст. «Ва душмании қавм шуморо бар тарки адолат вонадорад». Дар ҳаққи онон то гувоҳиеро, ки ба нафъи онон аст, пинҳон кунед, «Адолат кунед, ки он», яъне адолат, ба тақво наздиктар аст, ҳамон тақвое, ки на як бор, балки ҳамеша ба он маъмур шудаед. Ё адолат кунед, ки адолат ба парҳез намуданатон аз оташи дӯзах наздиктар аст ва аз Аллоҳ битарсед, дар авомир ва навоҳии вай, ки Аллоҳ ба он чӣ мекунед, огоҳ аст. Ин ҷумла ҳам ваъд ва ваъид аст. Риъояти мусовот байни фарзандон ва адами табъиз миёни онҳо низ, аз адолат мебошад.

«Ва дар он чӣ Аллоҳ ба ту додааст» аз тавонгарӣ ва сарват, сарои охиратро биҷӯй, лизо амволро дар он чӣ ки Аллоҳ меписандад, инфоқ кун, на дар таҷовуз ва гарданкашӣ ва ситам, ва дар айни ҳол «баҳраатро аз дунё фаромӯш накун», яъне: дар баҳрабардорӣ аз ҳалол ва такопу дар ҷиҳати касби он, монанди хӯрдану ошомидан ва пӯшидану маскан ва издивоҷ низ талоши мутаносиби онро ба харҷ деҳ, зеро ҳамонгуна, ки Парвардигоратро бар ту ҳаққест, нафсатро низ бар ту ҳаққест, пас ҳаққи ҳар соҳиби ҳақро ба ӯ бидеҳ.

Дар тартибул-омолӣ аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки мефармояд:

«اعْمَلْ لِلدُّنْيَا، كَأَنَّكَ تَعِيشُ أَبَدًا، وَاعْمَلْ لِآخِرَتِكَ، كَأَنَّكَ تَمُوتُ غَدًا».

"Барои дунёи худ чунон амал кун, ки гӯё ба таври ҳамеша зинда ҳастӣ ва барои охиратат чунон кор кун, ки гӯё фардо мемирӣ". "Ва некӣ кун", бо бандагони Аллоҳ, "ҳамчуноне, ки Аллоҳ бар ту некӣ кардааст", бо он чӣ ки аз неъматҳои дунё ба ту арзонӣ доштааст, "ва дар замин фасод макунед", яъне: дар он ба маъосияти Аллоҳ амал накун, "ки Аллоҳ фасодпешагон" дар рӯи замин (ро дӯст намедорад", балки ононро душман медорад ва ин суннат ва одати вай аст.

Ҳамаи инҳо бар он далолат дорад, ки ҷоиз нест, ки дар дин дучори ғулӯ ва зиёдарав шавем, чӣ дар даъват кардани дигарон ба сӯи Аллоҳ ва чӣ дар мавриди Аъмол ва рафторҳое, ки мутаъаллиқ ба хоси мост, балки бояд миёнарав, муътадил ва мустақим бошем, ҳамонгуна, ки Аллоҳ ва Расулаш моро ба он тавсия кардаанд.

Аллоҳи Азза ва Ҷалла дар сураи муборакаи Инъом, ояти 153 фармудааст:

( وَأَنَّ هَذَا صِرَاطِي مُسْتَقِيمًا فَاتَّبِعُوهُ وَلَا تَتَّبِعُوا السُّبُلَ فَتَفَرَّقَ بِكُمْ عَنْ سَبِيلِهِ ذَلِكُمْ وَصَّاكُمْ بِهِ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ 153 )[الأنعام: 153]

"Ва бидонед, инаст роҳи (рости) ман, пас оз он пайравӣ кунед ва аз роҳҳои дигар, ки шуморо аз роҳи ӯ пароканда месозад, пайравӣ макунед, инҳост, ки Аллоҳ шуморо ба он супориш кардааст, бошад, ки ба тақво гароед".

Ва Расули Акрам (с) ба Асҳобаш фармуданд:

«لَا تُطْرُونِي كَمَا أَطْرَتِ النَّصَارَى عِيسَى بْنَ مَرْيَمَ » (ابن حبان).

"Дар тамҷид ва сутудан аз ман зиёдаравӣ накунед, ҳамон гуна, ки Насоро дар сутудани Исо писари Марям, ғулӯ ва зиёдаравӣ карданд". (Ибни Ҳиббон).

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.

اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.

اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.