islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook

Раҳмат


4645
Дарс Тавсифи
Раҳмат сифате аз сифоти Аллоҳи мутаъол аст, ки худро ба он тавсиф намудааст ва ин сифатро дар қалби Паёмбараш низ ба вадиъа гузоштааст ва онро нуктаи бориз аз сифоти шариъаташ қарор додааст. Касе, ки дар аҳкоми шариъат бияндешад, мебинад, ки чӣ гуна раҳмат бо ҳама ашкол ва маъонияш дар он мунъакис ёфтааст ва касе, ки дар зиндагии Паёмбар (с) бияндешад, мебинад, ки чӣ гуна раҳмат дар ахлоқи вай инъикос шудааст, он ҳам ба беҳтарин ваҷҳи мумкин.

Муттасиф шудан ба сифати раҳмате, ки Парвардигори мо ба он васф шудааст.

Тарбияи мардум бар умед доштан аз раҳмати Парвардигорашон.

Парҳез аз ноумедӣ аз раҳмати Аллоҳи мутаъол.

Хутбаи аввал

الحمد لله منزل الكتاب، هدى وذكرى لأولي الألباب، والصلاة والسلام على نبينا محمد المفضل على البشر بجوامع الخطاب، وعلى آله المطهرين والأصحاب.

وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمداً عبده ورسوله شهادة تنجي صاحبها يوم الحساب. اما بعد:

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا 1 ) [النساء: 1]

Бародарони гиромӣ! «“الرحمن والرحيم», ду исме аз Асмоул-ҳусно мебошанд, ки гирифташуда аз вожаи «Раҳмат» ҳастанд ва дар қолаби муболиға зикр шуданд ва шиддати муболиға дар «الرحمن» бештар мебошад, зеро «الرحمن», яъне раҳмати шомил ва фарогир бар ҳамаи махлуқот дар дунё ва охират ва мӯминон дар охират, аммо «الرحيم», яъне дорандаи раҳмат ба мӯминин дар рӯзи қиёмат ва ин дидгоҳи аксари донишмандони Исломӣ мебошад.

Мо дар осори раҳмати бешумори Парвардигор сайр менамоем. Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( مَا يَفْتَحِ اللَّهُ لِلنَّاسِ مِنْ رَحْمَةٍ فَلَا مُمْسِكَ لَهَا وَمَا يُمْسِكْ فَلَا مُرْسِلَ لَهُ مِنْ بَعْدِهِ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ 2 ) [فاطر: 2]

«Аллоҳ (дари хазинаҳои) ҳар раҳматеро барои мардум бигшояд, касе наметавонад (онро бибандад) аз он ҷилавгирӣ намояд ва Аллоҳ ҳар чизеро, ки боз дорад ва аз он ҷилавгирӣ кунад, касе ҷуз ӯ наметавонад онро раҳо ва равон созад ва ӯ тавоно ва бо ҳикмат аст».

Намозгузорони гиромӣ! Мумкин аст ин суол пеш ояд, ки чаро ба мо дастур дода шуда, то худро ба ин сифат (сифати раҳмат) биёроем? Асбоби фаровоне вуҷуд дорад, ки банда бо таваҷҷӯҳ ба вақти хутба бархе аз онҳоро зикр менамоям:

Аввалан: Аллоҳ моро ба он амр намудааст, пас пайравӣ аз он барои мо воҷиб мебошад, хамонгунае, ки Расули Акрам (с) бар болои минбар фармуданд:

«ارحموا ترحموا، واغفروا يغفرالله لكم، ويل لأقماع القول، ويل للمصرين الذين يصرون على مافعلوا وهم يعلمون».

«Нисбат ба дигарон бо раҳм бошед ва аз онҳо даргузаред, Аллоҳ аз шумо дармегузарад. Вой бар ҳоли касоне, ки сухани нодуруст мегӯянд ва вой бар касоне, ки бар иртикоби гуноҳон исрор меварзанд, дар ҳоле ки худ медонанд».

Дуввум: Агар мо худро ба ин сифат оростем, Аллоҳи мутаъол касонеро дар дунё мусаххар менамояд то нисбат ба мо раҳмат раво доранд ва худ низ моро дар дунё ва охират мавриди раҳмати хеш қарор медиҳад. Аз Абдулло бин Амр бин Ос (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«الراحمون يرحمهم الرحمن ارحموا من في الأرض يرحمكم من في السماء». (به روايت ترمذي 1924 وأحمد 6494).

"Раҳмкунандагонро Аллоҳ дар дунё ва охират раҳм мекунад. Нисбат ба касоне, ки дар замин ҳастанд раҳм кунед то касе, ки дар осмонҳост, шуморо мавриди раҳмати хеш қарор диҳад". (Ба ривояти Тирмизӣ 1924 ва Аҳмад 6494).

Ҷарир (р) аз Расули Худо (с) ривоят мекунад, ки эшон фармуданд: "Касе, ки нисбат ба мардум раҳм раво намедорад, Аллоҳ нисбат ба ӯ раҳм, раво намедорад". ривояти Табаронӣ (3339).

Саввум: Аллоҳи мутаъол инсонро ба беҳтарин шакл офарида аст ва ӯро нисбат ба бисёре аз махлуқоташ бартарӣ додааст. Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ فِي أَحْسَنِ تَقْوِيمٍ 4 ) [التين: 4] «Мо инсонро аз (аз назари ҷисму рӯҳ) дар беҳтарин шакл ва зеботарин симо офаридаем». Ва ӯ таъоло тамоми ниёзҳои моро дар ин дунё фароҳам намуда ва дигар махлуқотро низ барои хидмат ба мо гумошта аст ва моро ба худ вонагузошта, балки ризқу рӯзӣ ва рафоҳу осоиши дунявии моро низ, барои мо муҳайё намудааст.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар ин бора мефармояд:

( هُوَ الَّذِي خَلَقَ لَكُمْ مَا فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا ثُمَّ اسْتَوَى إِلَى السَّمَاءِ فَسَوَّاهُنَّ سَبْعَ سَمَوَاتٍ وَهُوَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ 29 ) [البقرة: 29]

«Аллоҳ он зотест, ки ҳамаи мавҷудот ва падидаҳои рӯи заминро барои шумо офарид».

Абру боду маҳу хуршеду фалак дар коранд

То ту ноне ба каф орию ба ғафлат нахурӣ

Ҳама аз баҳри ту саргаштаву фармонбардор

Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набарӣ

Эй мусалмон! Аз раҳмати Аллоҳи мутаъол ба инсонҳо инаст, ки Паёмбарро ба сӯи онҳо фиристодааст, то онҳоро ба биҳишт башорат дода ва аз дӯзах битарсонад ва бандагонро бо Парвардигорашон ошно созанд ва онҳоро ба сӯи ибодати холиси Парвардигор даъват намоянд. Онҳоро ба сӯи ҳақ раҳнамун сохта ва аз роҳи ботил ва гумроҳӣ барҳазар доранд. Худованд мефармояд:

( لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنْزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ وَأَنْزَلْنَا الْحَدِيدَ فِيهِ بَأْسٌ شَدِيدٌ وَمَنَافِعُ لِلنَّاسِ وَلِيَعْلَمَ اللَّهُ مَنْ يَنْصُرُهُ وَرُسُلَهُ بِالْغَيْبِ إِنَّ اللَّهَ قَوِيٌّ عَزِيزٌ 25 ) [الحديد: 25]

«Мо Паёмбарони худро ҳамвора бо далоили мустаҳкам ва мӯъҷизоти равшан (дар миёни мардум) фиристодем ва ба онон китобҳои (осмонӣ ва қавонин) ва мавозини (шиносойи ҳақ ва адолат) нозил намудаем, то мардум (баробари он дар миёни худ) додгарона рафтор кунанд. Ва оҳанро падидор кардаем, ки дорои нерӯи зиёд ва судҳои фаровоне барои мардумон аст. Ҳадаф (аз ирсоли Анбиё ва нузули китобҳои осмонӣ ва ҳамчунин офариниши васоиле чун оҳан) инаст, ки Аллоҳи мутаъол бидонад, чӣ касоне ӯ ва фиристодагонашро ба гунаи ниҳону пинҳон (аз дидагони мардум) ёрӣ мекунанд. Аллоҳ неруманд ва шикастнопазир аст».

Ва низ мефармояд:

( رُسُلًا مُبَشِّرِينَ وَمُنْذِرِينَ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَى اللَّهِ حُجَّةٌ بَعْدَ الرُّسُلِ وَكَانَ اللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا 165 )[النساء: 165] «Мо Паёмбаронро фиристодем, то (мӯминонро ба савоб) муждарасон ва (кофиронро ба азоб) бимдиҳанда бошанд ва баъд аз омадани Паёмбарон ҳуҷҷат ва далеле бар алайҳи Аллоҳ барои мардумон боқӣ намонд (ва нагӯянд, ки агар Паёмбаре ба сӯи мо мефиристодӣ, имон меовардем ва роҳи тоъат ва ибодат дар пеш мегирифтем ва Аллоҳ ғолиб ва боиззату ҳаким аст (корҳояшро аз рӯи қудрату ҳикмат анҷом медиҳад)».

Бародарон гиромӣ! Яке аз мазоҳири раҳмати Парвардигор инаст, ки сарвари аввалину охирин ва пешвои муттақин, ҳазрати Муҳаммад бин Абдулло (с)ро ба сӯи мо фиристода аст. Рисолаташ, раҳматест барои ҷаҳониён ва китобе, ки бар ӯ нозил шуда ҳаросандааст барояшон. Аллоҳи мутаъол дар Қуръонаш мефармояд:

( تَبَارَكَ الَّذِي نَزَّلَ الْفُرْقَانَ عَلَى عَبْدِهِ لِيَكُونَ لِلْعَالَمِينَ نَذِيرًا1 ) [الفرقان: 1]

«Воломақом ва бузург касест, ки Фурқон, (яъне ҷудокунандаи ҳақ аз ботил) ро бар бандаи худ (Муҳаммад) нозил кардааст, то ин, ки ҷаҳониёнро (бадон) бим диҳад».

Ва дар саҳеҳи Муслим аз Абӯмусо Ашъарӣ (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«وَالَّذِي نَفْسُ مُحَمَّدٍ بِيَدِهِ لَا يَسْمَعُ بِي أَحَدٌ مِنْ هَذِهِ الْأَمَّةِ يَهُودِيٌّ وَلَا نَصْرَانِيٌّ ثُمَّ يَمُوتُ وَلَمْ يُؤْمِنْ بِالَّذِي أُرْسِلْتُ بِهِ إِلَّا كَانَ مِنْ أَصْحَابِ النَّارِ»‏ (مسلم (240)

«Қасам ба зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти ӯст, ҳеҷ кас аз ин уммат -яҳудӣ ё насронӣ- нест, ки хабари баргузида шуданам ба ӯ бирасад, сипас ба рисолати ман имон наёварад, магар ин, ки аҳли ҷаҳаннам хоҳад буд». (Муслим 240)

Ва аз ҷумлаи раҳмати Парвардигор, шариъате ба онҳо иноят намудааст, ки дар бунёну назм ва арзишҳову ахлоқиёташ дорои камол мебошад. Шариъате, ки дар ҳар замону макон ва барои ҳар насле корҳое дорад. Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الْإِسْلَامَ دِينًا ) [المائدة: 3]

«Имрӯз дини шуморо бароятон комил кардам ва неъмати худро бар шумо такмил намудам ва розӣ шудам то Ислом дини шумо бошад».

Мӯминони намозгузор! Аллоҳи мутаъол ба василаи ин шариъат ғил ва занҷиреро, ки пешиниён бадон мубтало буданд, аз мо зудуд. Аллоҳи мутаъол дар васфи Паёмбараш чунин мефармояд:

( يَتَّبِعُونَ الرَّسُولَ النَّبِيَّ الْأُمِّيَّ الَّذِي يَجِدُونَهُ مَكْتُوبًا عِنْدَهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَالْإِنْجِيلِ يَأْمُرُهُمْ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَاهُمْ عَنِ الْمُنْكَرِ وَيُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّبَاتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَائِثَ وَيَضَعُ عَنْهُمْ إِصْرَهُمْ وَالْأَغْلَالَ الَّتِي كَانَتْ عَلَيْهِمْ فَالَّذِينَ آَمَنُوا بِهِ وَعَزَّرُوهُ وَنَصَرُوهُ وَاتَّبَعُوا النُّورَ الَّذِي أُنْزِلَ مَعَهُ أُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ 157 ) [الأعراف: 157]

«Ғил ва занҷир (аҳкоми тоқатфарсое ҳамчун буридани макони наҷосат ба манзури таҳорат ва худкушӣ ба унвони тавба)ро, ки бар онҳо буд, аз (дасту по ва гардани) эшон бадар меовард ва асоси ин шариъат бар осонгирӣ бино шудааст.

Худованд мефармояд:

( شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآَنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ وَمَنْ كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَى سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَى مَا هَدَاكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ 185 ) [البقرة: 185]

«Аллоҳ осониро барои шумо мехоҳад ва хоҳони заҳмат ва сахтӣ нест».

Ва Расули Худо (с) мефармоянд:

«يسروا ولا تعسروا، وبشروا ولا تنفروا.» (بخاری 96).

«Осон бигиред ва сахтгир набошед ва мардумро башорат диҳед ва онҳоро мутанаффир насозед». (Бухорӣ 69)

Ва ахбору достонҳое, ки аз раҳмати Расули Акрам (с) нақл шудааст, ҳама аз он хабар доранд ва дуру наздик ва дӯсту душман, бар он гувоҳӣ додаанд. Ва чаро ингуна набошад? Ҳоло он, ки Худованд мефармояд:

( لَقَدْ جَاءَكُمْ رَسُولٌ مِنْ أَنْفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُمْ بِالْمُؤْمِنِينَ رَءُوفٌ رَحِيمٌ 128 ) [التوبة: 128]

«Бегумон Паёмбаре аз худи шумо бароятон омадааст. Ҳар гуна дарду ранҷ ва бало ва мусибате, ки ба шумо бирасад, бар ӯ сахту гарон меояд. Бисёр хайрхоҳӣ шумост ва нисбат ба мӯминон дорои лутфи фаровон ва бисёр меҳрубон аст».

Аз Аллоҳи мутаъол хоҳонем, ки ба мо тавфиқи ибодати саҳеҳ ато намояд ва моро дар масири қадрдонӣ ва сипосгузорӣ аз неъматҳо ва раҳамоти бекаронаш устувор нигоҳ дорад.

أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

(с) метавон ба мавридҳои зер ишора намуд:

Аввал: Бо душманон:

الحمدلله والصلاة والسلام على رسول الله وعلى آله وصحبه ومن والاه ، أما بعد:

Он гоҳ, ки Расули Худо (с) аҳли Тоифро ба сӯи Ислом даъват намуд, онҳо на танҳо даъваташро напазируфтанд, балки нодононро таҳрик намуданд, то ба сӯи эшон сангпартойи кунанд ва Расули Худо (с) дар ҳоле, ки хун аз пойи муборакашон ҷорӣ буд, дар гӯшае нишаст. Он гоҳ Аллоҳи мутаъол малоикаи кӯҳҳоро ба сӯи эшон фиристод, то саломи Аллоҳро ба вай бирасонад ва бигӯяд: агар бихоҳӣ ин ду кӯҳро аз ҷо канда ва бар онҳо мекубам, аммо Расули Худо (с) фармуд: «Умедворам аз насли инҳо касоне биёянд, ки Аллоҳи мутаъолро ба ягонагӣ бипарастанд».

Дуввум: Бо ноогоҳон дар умури шаръӣ:

Бодиянишине вориди масҷид шуд ва дар гӯшае шуруъ ба идрор (пешоб) намудан кард. Ёрони Расули Худо (с) аз ҷои хеш бархостанд, то бо ӯ бархурд кунанд, аммо Расули Худо (с) онҳоро манъ намуд, то ин ки он мард идрорашро тамом кунад. Сипас дастӯр дод зарфи обе бар он бирезед ва хитоб ба ёронаш фармуд: «Ҳамоно шумо осонгир мабъус шудаед, на сахтгир, пас осон бигиред ва сахтгир набошед ва дигаронро башорат диҳед ва мутанаффир насозед». Сипас хитоб ба он бодиянишин фармуд: «Ин масҷид барои барпо доштани намоз ва ёди Аллоҳ бино шудааст!» Пас аз он, ки ба хубӣ одобро ба ӯ омӯхт, он бодиянишин ҳамвора мегуфт: «Падару модарам фидои Расули Худо (с) бод, бо ман бо тундӣ бархурд накард ва маро тавбих нафармуд». Мусаннафи Абдурразоқ (1659).

Саввум: Бо бодиянишиноне, ки мароҳили тарбиятиро дар Ислом ба поён нарасонида буданд:

Яке аз бодиянишинон бар Расули Худо (с) ворид мешавад ва ридои он ҳазратро мегирад ва мекашад, то ҷое, ки гардани Расули Худо (с) сурх мешавад, аммо Расули Худо (с) дар ҳоле, ки табассум бар лаб дошт ба ӯ менигарист.

Гузаштангони мо, шогирдони мадрасаи Нубуват низ дар раҳмат ва утуфат улгӯ ва намуна ҳастанд. Дар замони хилофати Абӯбакри Сиддиқ (р) пиразани нобино дар гӯшае аз Мадина зиндагӣ мекард. Умар бин Хаттоб (р) тасмим гирифт ба вай хидмат намояд ва обу ғизо ба хонааш бибарад ва манзилашро тоза кунад, аммо ҳар вақт мерафт, мутаваҷҷеҳ мешуд, ки касе қаблан омада ва хонаро тоза намуда ва низ обу ғизо овардааст, лизо тасмим гирифт то камин кунад ва дар ёбад, ки чӣ касе ба ин пиразан хидмат менамояд. Шабе аз шабҳо, ки камин гирифта буд, мутаваҷҷеҳ шуд Абӯбакр (р) дар ҳоле, ки обу ғизо бо худ дошт, вориди хона шуд, дарёфт, ки Абӯбакри Сиддиқ ҳаррӯз ба хонаи ин пиразан меомада ва ба вай хидмат мекардааст. Он ҳам дар замоне, ки худ Халифаи мусалмонон буд.

Ва аз фарогир будани раҳмат дар шариъати мо инаст, ки моро ба раҳмат ва меҳрубонӣ ҳатто нисбат ба ҳайвон амр менамояд ва ба ҳамин сабаб дар дини мубини Ислом бадрафторӣ бо ҳайвонот аз ҷумла, ҳабси ҳайвонот, давондани беҳудаи чаҳорпоён, ҳадаф қарор додани ҳайвонот дар тирандозӣ ва куштани ҳайвонот бидуни ҳадаф ва қасди саргамӣ ҳаром ва нодуруст мебошад.

Аммо бародарони азиз! чӣ гуна метавон ба дараҷаи раҳмат даст ёфт?

Бояд донист, ки чӣ гуна раҳматро дар зиндагии хеш амалӣ кард. Шахсе ба назди Расули Акрам (с) омад ва аз сахтдилии худ шикоят кард. Расули Худо (с) хитоб ба эшон фармуданд: «Дасти навозиш бар сари ятимон бикаш ва ба бечорагон ва дармондагон ғизо бидеҳ». Муснади Аҳмад (9018).

Пас қазияи подошро дар зеҳни худ тасаввур кун ва андаке ба ин ҳадиси Расули Худо (с) бияндеш:

Касе, ки дар дунё мушкиле аз мушкилоти бародарашро ҳал кунад, Аллоҳ дар охират мушкиле аз мушкилоташро аз ӯ мебардорад.

Ҳеҷ ҷавоне пайдо намешавад, ки пирамарди куҳансолро гиромӣ бидорад, магар ин, ки вақте худ ба синни куҳансолӣ расад, Аллоҳи мутаъол касеро мусаххар мекунад, ки ӯро гиромӣ бидорад. Расули Акрам (с) мефармояд: «Бо падаронатон некӣ кунед, то фарзандонатон нисбат ба шумо некӣ кунанд».

Аз муҳимтарин паёмадҳои ин сифат, ҷалби раҳмат ва маваддату улфат байни инсонҳо мебошад. Расули Худо (с) мефармояд:

«مثل المؤمنين في توادهم وتعاطفهم وتراحمهم مثل الجسد إذا اشتكى منه شيء تداعى له سائر الجسد بالسهر والحمى". (رواه البخاري 6011 ومسلم 2586).

"Мӯминон дар муҳаббат ва раҳмату утуфат нисбат ба якдигар монанди ҷасаде мемонад, ки агар узве аз он ба дард омад, тамоми аъзояш дар таб ва бехобӣ бо он ҳамроҳ мешаванд". (Бухорӣ 6011 ва Муслим 2586).

Бани одам аъзои якдигаранд

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд

Чу узве ба дард оварад, рӯзгор

Дигар узвҳоро намонад, қарор

Ту к-аз меҳнати дигарон, беғамӣ

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ

أعوذ بالله من الشيطان الرجيم (ﮐ ﮑ ﮒ ﮓ ﮔ ﮕ) [الأنبياء:107]

اللهم فصلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.

اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.

اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.