islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook

Иди фитр


4944
Дарс Тавсифи
Иди фитр неъмат, шодӣ, ибодат аст ва такмилкунандаи ибодоти рамазон мебошад ва дар он закоти фитр қарор дорад, ки мояи пок шудани рӯзадор аз корҳои беҳуда ва гуноҳони сағира аст ва бисёре аз зоҳираҳои иҷтимоъӣ ва инсонии Ислом дар он намоён мешавад, зеро дар ид қалбҳо бо ҳам наздиктар мешаванд ва мардум бо ҳам ҷамъ мешаванд ва ид ёдовари ҳаққи заъифон дар муҷтамаъи исломӣ мебошад, то шодии ид ба ҳамаи хонаводаҳоро дарбар бигирад.

Баёни ин, ки шукру сипоз аз мақосиди ид мебошанд.

Эҳсону кӯмак ба муҳтоҷон.

Ошкор сохтани шаъираҳои Исломӣ дар рӯзи ид.

Хутбаи аввал

الحمد لله كثيرا، والله أكبر كبيرا وسبحان الله بكرة وأصيلا. الله أكبر، الله أكبر، الله أكبر، الله أكبر، الله أكبر، الله أكبر، الله أكبر، الله أكبر، الله أكبر، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له تعظيما لشأنه، وأشهد أن سيدنا ونبينا محمدا عبده ورسوله الداعي إلى رضوانه، اللهم صل وسلم وبارك عليه، وعلى آله وأصحابه وإخوانه.

أما بعد: فيا أيها المسلمون، أوصيكم ونفسي بتقوى الله جل وعلا فمن اتقاه حفظه في دنياه وأخراه.

واعلموا أن أصدق الحديث كلام الله ، وخير الهدي هدي نبينا محمد صلى الله عليه وسلم، وشر الأمور محدثاتها، وكل محدثة بدعة وكل بدعة ضلالة وكل ضلالة في النار.وعليكم بالجماعة فان يد الله مع الجماعة.

Ҳамду сипос ва шукри шоистаи он Парвардигорест, ки ба мо тавфиқ дод моҳи рамазонро рӯза бигирем, пас ҳар яки мо ба худ баргардем ва худро муҳосаба намоем, ки дар ин моҳи муборак, дар ин меҳмонии Аллоҳ, чӣ анҷом додаем, чун фардое меояд ва ба нафъ ё ба зарарамон гувоҳ хоҳад шуд, бар ҳасби он чӣ, ки дар ҳаққи ӯ анҷом додаем, пас бишитобем ба сӯи тавба ва истиғфор ва гуфтору кирдори солеҳ ва тазарруъу зории Аллоҳи зулҷалол, то шояд ҷуброни кӯтоҳкориҳоямон шавад.

Азизони ман! Аллоҳи мутаъол дар поёни ин моҳ, ибодатеро машрӯъ намуда, то имонамон афзоиш ва ибодатҳоямон комил ва неъматҳояшонро беҳтару комилтар бароямон арзонӣ бахшад ва он закоти фитр ва такбиру намози ид аст.

Аммо закоти фитр аз ғуруби офтоби шаби ид, воҷиб мегардад ва фуқаҳо ҳам иттифоқ доранд, ки бар ҳар мусалмони тавоно пардохтани он воҷиб мебошад ва далел бар машрӯъияти он ривояти Ибни Умар (р) мебошад:

فرض رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم زكاة الفطر من رمضان على الناس صاعا من تمر أو صاعاً من شعير، على كل حر أو عبد ذكر أو أنثي من المسلمين». (رواه البخاري)

«Расули Аллоҳ (с) як соъ аз хурмо, ё ҷавро бар мусалмони озоду барда ва марду зан, воҷиб донист». (Ривояти Бухорӣ).

Дарёи илми ин уммат, Ибни Аббос (р), саҳобии ҷалилулқадри Расули Аллоҳ (с) дар ҳадиси дигар, ҳикмат ва фалсафаи воҷиб шудани закоти фитрро чунин баён медорад:

«فرض رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم زكاة الفطر طهرة للصائم من اللغو والرفث وطعمة للمساكين» (رواه أبو داود).

«Расули Аллоҳ (с) барои ду ҳикмат закоти фитрро воҷиб донист, пок намудани рӯзадор аз кӯтоҳие, ки дар ҳаққи рӯзаи худ, анҷом додааст, аз суханони беҳуда ва зишт (гирифта то гуноҳони бузургу кӯчак ва ҳикмати дуввум) ин, ки ғизо ва хӯроке бошад, барои мустамандон». (Ривояти Абӯдовуд).

Дар ҳақиқат, ҳикмати дуввуми он ҳадафи баробар намудани фақирону ниёзмандон аз лиҳози молӣ дар он рӯз, бо дигар афроди ҷомеъа аст, то ҳадди ақал дар рӯзи ид, дархости мол накунанд ва дар рӯзе, ки ҳама шоданд, онҳоро шод кунанд ва бо додани закот, дарди фақр ва ноумедии онҳоро, коҳиш диҳанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба аҳодисе, ки зикр шуд ва дигар аҳодис барои воҷиб шудани закоти фитр, бояд чаҳор шарт ба вуҷуд ояд:

Аввалан: Шарти Ислом мебошад, бинобарин бар кофир воҷиб намешавад, ҳар чанд, ки бастагон ва хешовандони мусалмони наздик дошта бошанд ва махориҷи онҳо бар ӯ воҷиб бошад, закоти фитри онҳо бар ӯ воҷиб нест, чун закот як, ибодати Исломӣ аст.

Дуввум: Шарти он озодӣ аст, пас дар асл закот бар барда воҷиб нест, аммо агар барда тобеъи оқояш бошад, бар ӯ воҷиб мегардад, чун сабаби он ба вуҷуд меояд ва бино ба фармоиши Расули Аллоҳ (с), саид ва оқои барда бояд онро пардохт кунад:

«أدوا عن کل حر وعبد نصف صاع من بر او صاعا من تمر او صاعا من شعي». (رواه ابوداود).

«Аз тани ҳар озоду барда, нисф соъ аз гандум ва ё як соъ аз хурмо ва як соъ аз ҷав, пардохт кунед».

Саввум: Шарти он қудрат ва тавоноии молӣ мебошад, бадин маъно,ки моли вай аз хароҷоти як шабонарӯзӣ ид, бештар бошад ва агар чи мустаҳиқи закот гирифтан бошад, бар асоси раъйи ҷумҳур.

Намозгузорони гиромӣ! Шарти дигари вуҷуби закоти фитр, инаст, ки вақти воҷиб шуданаш дохил шавад, ки он вақт ғуруби офтоби охирин рӯзи рамазон аст.

Аммо ҷанине, ки қалб аз рӯзи ид (ё қабл аз ғуруби офтоби охирин рӯзи рамазон) ба дунё наомада бошад, пардохтани закоти фитраш бар падараш, воҷиб намебошад ва агар онро пардохт намуд, садақа ҳисоб мешавад

Ва аммо миқдори закоти фитр, як соъ аз гардум, ё ҷав, ё биринҷ ва ё ҳар ғизое мебошад, ки ағлаби мардуми он шаҳр, онро масраф мекунанд ва хӯроки асосии онҳо ба шумор меравад.

Ва ҳар соъ, баробараст бо 2400 грамм, агар биринҷу гандум ва ҷав бошад, аммо агар хурмо бошад, муъодили 3000 грамм мебошад, он чуноне, ки Ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки:

«أن النبي- صلى الله عليه وآله وسلم- فرض صدقة الفطر صاعاً من بر».

«Расули Аллоҳ (с) садақаи фитрро як соъ гандум, фарз гардонд».

Аммо фуқаҳои бузугрвори мазҳаби Ҳанафӣ, иҷозаи пардохти пул, ё нақдеро ба ҷои ғизо, додаанд ва ба ин истидлол намуданд, ки ҳадаф бартараф намудани ниёзи ниёзмандон дар рӯзи ид мебошад, аммо ҷумҳури уламо бо таваҷҷӯҳ ба аҳодиси ворида дар ин умур, ки як яки ҷинсҳоро зикр намудааст, ба пардохтани ғизои асосии он шаҳр ва ё минтақа, иктифо мекунанд.

Мусалмонони намозгузор! Аллоҳи пок барои мо мусалмонон ду идро машрӯъ намудааст, иди фитр ва иди қурбон, ки ҳар ду пас аз анҷоми ибодоти бузурге, ки рукне аз аркони дини Ислом ба шумор меравад, мебошад ва дар ин ду ид, хайроту баракот ва раҳамоти Илоҳӣ бар мусалмонон, сарорез гардад.

عن أنس قال: قدم رسول الله المدينة ولهم يومان يلعبون فيهما فقال: ما هذان اليومان؟ قالوا: كنا نلعب فيهما في الجاهلية فقال: «لقد أبدلكم الله خيرٌ منهما: عيد الفطر وعيد الأضحى». (رواه أبو داود والنسائي).

Аз Анас бин Молики Ансорӣ, Саҳобии ҷалилулқадри Расули гиромӣ (р) мефармояд, ки ҳангоме, ки Расули Аллоҳ (с) ба Мадина ҳиҷрат намуданд, аҳли Мадина ду рӯзи мушаххас доштанд, ки дар он шодӣ ва пойкубӣ менамуданд, Расули Аллоҳ (с) ҳангоме инро мушоҳида намуданд, хитоб ба онон фармуданд: «Ин ду рӯз чӣ рӯзҳоест?, (ёрони Расули Аллоҳ (с) дар ҷавоби эшон гуфтанд, ин ду рӯз, рӯзҳоест, ки дар даврони ҷоҳилият (қабл аз Ислом), шодӣ ва пойкӯбӣ менамудем, Расули Аллоҳ фармуданд: «Аллоҳ ду рӯзи беҳтарро ҷойгузини ин ду рӯз намудааст, ки ду рӯз, рӯзи иди фитр ва рӯзи иди қурбон аст». (Ривояти Абӯдовуд ва Насойи).

Оре, бародарони азиз! Ҳар миллате ҷашну иде дорад, ки ҳуввият ва аҳдофу шиъори онҳоро дарбар дорад, Аллоҳи мутаъол дар ин бора мефармояд:

( لِكُلِّ أُمَّةٍ جَعَلْنَا مَنْسَكًا هُمْ نَاسِكُوهُ فَلَا يُنَازِعُنَّكَ فِي الْأَمْرِ وَادْعُ إِلَى رَبِّكَ إِنَّكَ لَعَلَى هُدًى مُسْتَقِيمٍ 67 ) [الحج: 67]

Тарҷумони Қуръон, Абдуллоҳ бин Аббос (р) мефармояд: «Мурод аз калимаи «мансак» дар ин оят, ид мебошад ва Аллоҳи мутаъол барои тамоми умматҳое, ки дорои қавонини тавҳидӣ ва Илоҳӣ буданд, ҷашнҳоеро қарор дода,то савоб ва қадру манзалаташонро назди худ бештар кунад. Баръакс миллатҳое, ки ба дини Ислом ва Паёмбарони Илоҳӣ пушт намудаанд ва ҷашну шодии онҳо, танҳо гумроҳӣ ва азобашонро бештар мекунад.

Азизони намозгузор! Ҳамонгуна, ки қаблан зикр шуд, дар шариъати Муҳаммади Мустафо (с) ва Саҳобагони ӯ, ҷуз ду иди солона, фитр ва қурбон, ки ҳар сол як бор ба вуқӯъ мепайвандад ва иди ҳафтавор, ҷумъа дигар иде вуҷуд надошта ва нахоҳад дошт ва ҳар муносибати дигаре, ки номи идро ба худ гирад, бидъат ва навоварӣ дар дин ҳисоб мешавад, ки бидъат дар дин –наузу биллоҳ- залолат ва гумроҳиро дар пай хоҳад дошт.

Бародарони азиз! Ид маъонӣ ва ҳақиқатҳои бисёр бузургеро дар бар дорад, ки аз ҷумлаи он, ибрози ақидаи холис ва бешоибаи тавҳид мебошад, ки худ аз бузургтарин неъматҳост ва ин ибрози ақида замоне таҳаққуқ меёбад, ки бо такбиргӯён ва таҳлилгӯён ба таъзиму иҷлол ва шукру сипоси Аллоҳи зулҷалол, бипардозем ва ё тарсими ин мафоҳими бузург дар қалбҳоямон дар тамоми аъмол, ризоят ва хушнудии вайро мадди назар дошта бошем ва бо холис намудани ниятҳоямон, одатҳои некамонро ба ибодат табдил намоем ва ба василаи итоъат намудан аз дастураш ва дурӣ ҷустан аз ҳар он чӣ манъ намуда ва имон овардан ба хайрҳояш ва таслим шудан дар баробари ҳукмҳояш, биҳишти барринро барои худ, муҳайё созем.

Бинобарин иди мо, шодӣ ва сурур, иди муҳаббат ва дурӣ аз кибру ғурур ва иди сулҳу оштӣ ва бахшишу гузашт мебошад.

Баъд аз ин, ки мӯминон як моҳ рӯзадорӣ намуданд ва сабр карданд, ки мутеъ ва таслими дастӯроти Аллоҳ мебошанд ва шодии рӯзи идро бо лаззат бурдан аз ҳалолҳо шурӯъ намуданд, онро бо ду ракаъат намоз оғоз менамоянд, то ин, ки неъматҳои парвардигорро фаромӯш накунанд.

Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا لَا تُحَرِّمُوا طَيِّبَاتِ مَا أَحَلَّ اللَّهُ لَكُمْ وَلَا تَعْتَدُوا إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْمُعْتَدِينَ 87 وَكُلُوا مِمَّا رَزَقَكُمُ اللَّهُ حَلَالًا طَيِّبًا وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي أَنْتُمْ بِهِ مُؤْمِنُونَ 88 ) [المائدة:87 – 88 ]

«Эй мӯминон! Чизҳои покизаеро, ки Аллоҳ барои шумо ҳалол кардааст, бар худ ҳаром макунед ва (аз ҳалол ба ҳаром) таҷовуз нанамоед (ва аз ҳудуд ва муқаррароти Илоҳӣ, таҳхаттӣ макунед), зеро ки Аллоҳ мутаҷовизонро дӯст намедорад ва аз неъматҳои ҳалол ва покизае, ки Аллоҳ ба шумо рӯзӣ додааст, бихуред ва аз (мухолифат бо дастӯроти) Илоҳе бипарҳезед, ки шумо бо ӯ имон доред».

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني بما فيه من الآيات والذكر الحكيم ، أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

الحمد لله اللطيف الخبير، العليم القدير، أحمد ربي وأشكره على فضله الكثير، وأشهد أن لا إله إلا الله العلي الكبير، وأشهد أن نبينا وسيدنا محمدًا عبده ورسوله، البشير النذير، اللهم صلّ وسلم وبارك على عبدك ورسولك محمد، وعلى آله وصحبه أجمعين. أما بعد:

فاتقوا الله حقَّ التقوى، وتمسّكوا من الإسلام بالعروةِ الوثقى.

Аллоҳ таъоло такбир гуфтан дар ин рӯзи муборакро барои мо ташреъ намудааст:

Аллоҳ мефармояд:

( شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآَنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ وَمَنْ كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَى سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَى مَا هَدَاكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ 185 ) [البقرة: 185]

«То Аллоҳро бар ин, ки шуморо (ба аҳкоми дин, ки мояи саъодат аст), ҳидоят кардааст, бузург доред ва то ин, ки (аз ҳамаи неъматҳои ӯ), сипосгузорӣ кунед».

Бинобарин, рӯза неъматест, ки шоёни инаст дар баробари он Парвардигори хешро ҳамду сано ва шукру сипос гуфт. Инсони мӯмин, ки рӯзаи худро холисона, барои ризои Аллоҳи мутаъол ба ваҷҳи аҳсан адо намояд, ба хубӣ медонад, ки аз чӣ неъмати бузурге дар ин моҳи пурбаракат, баҳра бурда ва ҷисму ҷони хешро бо чӣ ҷавҳаре сайқал дода ва атрогин намудааст ва ба ҳамин ҷиҳат ба шукронаи чунин неъмати бузурге ва умеди пазириши он дар даргоҳи Аллоҳи мутаъол ва бо орзӯи дастёбии муҷаддад ба ин фурсати тиллойи ва гаронбаҳо, ҳамду сипоси Холиқи беҳамторо ба ҷо меоварад.

Хоҳарон ва бародарони азиз! Расули гиромии Ислом, тамоми афроди ҷомеъаи Исломӣ, аъам аз марду занро ба намози ид фаро хонданд, бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки заноне, ки дар одати моҳона буданд, дар мусалло наменишинанд. Мардҳо бо беҳтарин либосҳояшош ва бо бӯйи хуш мераванд, аммо хонумҳо аз атр, хушбӯйи дар хориҷ аз манзил, истифода намекунанд ва дар пӯшиши зевари олот, зиёдарави наменамоянд ва суннат аст, ки қабл аз рафтан ба намози ид, се ё панҷ адад ва ё бештар ба сурати витр ва тоқ, хурмо бихуранд.

عباد الله،ألا وصلوا وسلموا على من أمركم الله بالصلاة والسلام عليه فقال: ( إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صل وسلم على عبدك ورسولك محمد وارض اللهم عن الخلفاء الراشدين وعن سائر الصحابة أجمعين وعن التابعين لهم وتابعيهم بإحسان إلى يوم الدين وعنا معهم بمنك وفضلك وإحسانك يا أرحم الراحمين.

اللهم أعز الإسلام وانصر المسلمين .. وأذل الشرك والمشركين ودمر أعداء الدين واجعل هذا البلد آمنا مطمئنا وسائر بلاد المسلمين اللهم انصر دينك وكتابك وسنة نبيك وعبادك المؤمنين اللهم آمنا في أوطاننا .. وأصلح أئمتنا وولاة أمورنا.

اللهم انصر المجاهدين، الذين يجاهدون في سبيلك لإعزاز دينك وإعلاء كلمتك، اللهم انصرهم في فلسطين وفي كل مكان يا رب العالمين. اللهم سدد سهامهم وآراءهم، واجمع على الحق كلمتهم وانصرهم على عدوك وعدوهم. ربنا ظلمنا أنفسنا وإن لم تغفر لنا وترحمنا لنكونن من الخاسرين. ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

Бародарони азиз! Ба якдигар салом дода ва ҳамдигарро дар оғӯш бигиред ва дар ин рӯзи муборак, қалбҳоятонро аз ҳар гуна кинаву кудурат, пок созед ва шукргузори Аллоҳ бошед, ки тавфиқи рӯзаи ин моҳи пурфазилатро ато намуд.

سُبْحَانَ رَبِّكَ رَبِّ الْعِزَّةِ عَمَّا يَصِفُونَ 180 وَسَلَامٌ عَلَى الْمُرْسَلِينَ 181 وَالْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ 182 ) [الصافات:180 - 182]