islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Силаи раҳм (робита бо хешовандон


4699
Дарс Тавсифи
Равобити хешовандӣ боис мешавад, ки Аллоҳи мутаъол барои бандагонаш рӯзиашонро афзоиш диҳад ва умрро тӯлонӣ мекунад ва моли инсон пурбаракат мешавад. Силаи арҳом нишонаи комил будани имон ва мусалмони воқеъӣ будан аст ва қатъи иртибот бо хешовандон боиси лаънату иқоб мешавад ва азобро ба дунбол дорад. Баракатро аз байн мебарад ва душманӣ ва буғзро ба армуғон меоварад.

Баёни ҳақиқати силаи раҳм.

Баёни фазли силаи раҳм.

Барҳазар доштан аз буридани хешу таборӣ.

Хутбаи аввал

الحمد لله منزل الكتاب، هدى وذكرى لأولي الألباب، والصلاة والسلام على نبينا محمد المفضل على البشر بجوامع الخطاب، وعلى آله المطهرين والأصحاب.

وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمداً عبده ورسوله شهادة تنجي صاحبها يوم الحساب.

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا 1 ) [النساء: 1]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا70 يُصْلِحْ لَكُمْ أَعْمَالَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِيمًا 71 ) [الأحزاب:70 - 71]

.

أما بعد:

Бародарону Хоҳарони гиромӣ! Равобити хешовандӣ ба ду навъ тақсим мегардад:

Қаробати насабӣ.

Қаробати динӣ ва имонӣ.

Қаробати насабӣ ду навъ аст: навъе аз онҳо мерос мебаранд ва навъе намебаранд, дар қаробати насабӣ бар баъзе нафақа лозим аст ва бар баъзе нафақа лозим набуда, балки аз рӯи эҳсон ва силаи раҳм сурат мегирад.

Аммо қаробати динӣ ва имонӣ, ҳамоно бародарии Исломӣ аст, ки Аллоҳи мутаъол фармудаст:

( إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ ) [الحجرات: 10]

«Ҳамоно мӯминон бародари якдигаранд».

Ҳар мусалмон ба дигар мусалмон ҳуқуқе дорад, ки бояд адо гардад, пас вақте, ки қаробати насабӣ ва имонӣ бо ҳам якҷо шавад, ду ҳақ бо ҳам якҷо мешавад: яке хешовандӣ ва дигаре ҳаққи бародарии динӣ ва агар қаробати насабӣ дар байн набуд, пас қаробат ва ҳуқуқи имонӣ ва Исломӣ боқӣ мемонад.

Дурӣ ва буридан аз падару модар ва бародару хоҳар ва падарбузургҳову модарбузургҳо, ё болотар аз онҳо, фарзандону нувосаҳои онҳо, ё поёнтар аз онҳо, амакҳову аммаҳо ва тағову холаҳо ва фарзандони онҳо, аз гуноҳони бузург ба шумор меравад.

Чун робита ва силаи раҳм бо хешовандон, мартаба ва мақоми баланде дар назди Аллоҳи мутаъол дорад, лизо ӯ таъоло онро пайваста бо номи мубораки худ дар сураи «Нисо» зикр намудааст:

( وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا 1 ) [النساء: 1]

«Ва битарсед аз он Худое, ки бо савганд ба номи Ӯ аз якдигар чизе мехоҳед ва битарсед аз ин, ки пайванди хешовандиро даред (ва силаи раҳмро нодида гиред), зеро, ки бегумон Аллоҳ муроқиби шумост».

Ва дар сураи «Раъд» қатъи алоқа бо хешовандонро пайваста бо паймоншиканӣ ва фасод дар рӯи замин зикр намуда, сипас ҳушдор медиҳад, ки саранҷом ва оқибати чунин мардумон инаст, ки мавриди нафрини Аллоҳи мутаъол қарор гирифта, ба сарнавишти баде дучор хоҳанд шуд, чунон, ки Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَالَّذِينَ يَنْقُضُونَ عَهْدَ اللَّهِ مِنْ بَعْدِ مِيثَاقِهِ وَيَقْطَعُونَ مَا أَمَرَ اللَّهُ بِهِ أَنْ يُوصَلَ وَيُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ أُولَئِكَ لَهُمُ اللَّعْنَةُ وَلَهُمْ سُوءُ الدَّارِ 25 ) [الرعد: 25]

«Ва касоне, ки паймони Аллоҳро баъд аз бастани он мешикананд ва пайвандиро қатъ мекунанд, ки Аллоҳ ба ҳифзу нигаҳдории он дастур додааст ва дар рӯи замин ба фасоду табоҳӣ мепардозанд, нафрин баҳри эшон аст ва бадиҳои он ҷаҳон (ки дӯзахи сӯзон аст) насибашон аст».

Ба далели оёти фавқ буридан бо хешовандон гуноҳи бузург ва ифтиро мебошад.

Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ (р) канорагирӣ аз хешовандонро аз гуноҳони кабира шумурдааст ва ба оёти фавқ ва дигар оёт, ки гуноҳи қатъкунандаро баён доштааст, истидлол намудааст .

Ҳолоти қатъи робита бо хешовандону ақориб:

Метавон дар нуқтаҳои зайл ҳолоти қатъи робита бо хешовандонро баён кард:

Кӯмаку ҳамкорӣ накардан бо хешовандоне, ки мӯҳтоҷ ва тангдастанд.

Суханчинӣ ва тафриқа афканӣ миёни онон.

Адами диду боздид ва пурсидан аз ҳоли онон.

Иштирок накардан дар хушӣ ва ғами онон, шояд солҳо бо ҳам ҳамсоя бошанд, вале рӯзе ҳам аз ҳоли якдигар намепурсанд.

Таълим надодани умури динӣ, ки ба он мӯҳтоҷ ҳастанд, дар ҳоле, ки вай қодир ба ин кор аст.

Даъват надодани гумроҳу мушрики онҳоро ба дини муқаддаси Ислом.

Таҳқир намудан ва эълони безорӣ аз онҳо дар маҷолиси омма ба хотири фақир будани онҳо, ё ба сабаби дигаре.

Умуре, ки боиси қатъи робита миёни хешовандон мешавад:

Заъфи тақво ва парҳезгорӣ низ боиси қатъи алоқа миёни хешовандон мегардад, зеро шахси бетақво дар масоиле, ки Аллоҳи мутаъол амр намудааст, беэътино буда, интизори подоши ухравиро надошта, аз авоқиби бади қатъи робита бо хешону ақориб ҳаросе надорад.

Такаббур: Баъзе аз мардумон агар ба мансаб ё мақоми баланде даст ёбанд ва ё сарватманду сармоядор гарданд, худро бар ақорибу наздиконаш баланд мешуморад ва гумон мекунад, ки олиқадру мӯҳтараманд, пас бояд дигарон назди вай биёянд ва аз аҳволашон бипурсанд.

Ҷӯдойи ва дурии тӯлонӣ бо ақориб аз дӯстию муҳаббат миёни онон коста, ба танҳойи одат мегиранд, то ин ки рафта рафта ба буридану тарки якдигар мунҷар мешавад.

Баъзе мардумон одат доранд, ки агар касе аз ақориби эшон аз муддати дарозе ба диданашон биёяд, вайро маломат намуда, бо суханони сахту нодуруст аз вай пазиройи мекунанд. Ин кор боиси нафрату инзиҷори ҷониби муқобил гардида, шояд дар оянда аз тарси суханони зишташ ба диданаш наояд. Аз ин ҷост, ки қатъи алоқа ва ҷудойи миёни хешовандон рух медиҳад.

Таклифи беш аз ҳад ва бемаврид: Баъзе бар онанд, ки агар касе аз хешовандонаш ба диданаш биёяд, дар пазиройи ва истиқболи онон таклифи беш аз ҳад намуда, пули зиёдеро масраф мекунанд ва ба худ зарар мерасонанд, шояд ҳам шахси тангдасте бошад. Аз ин ҷост, ки хешовандонаш аз рафтани ба манзили ӯ коста, албатта аз хавфи он, ки мабодо ӯро дар тангго ва зарарҳои иқтисодӣ воқеъ созанд.

Бухл: Баъзе мардумро агар Аллоҳи мутаъол бар эшон молу сарватро арзонӣ намояд, аз хешовандону ақориби хеш дар фирор шуда, канорагирӣ мекунанд, зеро ин чунин ашхос дар ҳарос ҳастанд, ки мабодо касе аз ақориби эшон чизе аз онон бихоҳад. Ба ин сабаб ҷудойи ва қатъи робита миёни эшон эҷод мегардад. Пас чӣ сӯдест дар сарвату дороие, ки хешу ақориб аз он мустафид нашаванд?

Бетаваҷҷӯҳӣ ба меҳмон: Баъзе аз мардум аз хешовандону меҳмононе, ки вориди манзилаш мешаванд, истиқболи дуруст нанамуда, бо дили сарде ва бетаваҷҷӯҳӣ бо онон суҳбат мекунанд, шояд ба суханони онон гӯш намедиҳанд ва аз омадани онҳо сипосгузорӣ накарда, чунин вонамуд мекунанд, ки омадани онҳо мавриди писанд набуда, хастакунанда мебошад. Ин кор боис мегардад, то дӯстону ақориб аз диданаш сарфи назар кунанд.

Зиштӣ ва бадрафтории баъзе аз занон: Баъзе аз хонаводаҳо дучори занҳои бадхулуқ ва беотифа мешаванд, ин чунин занҳо таҳаммули онро надоранд, то касе аз ақориб ва дӯстон ба дидани онҳо биёянд. Аслан намехоҳанд шавҳарашон касеро ба хона даъват кунад ва ё рафту омаде дар миёни онҳо дошта бошад ва агар касе ҳам ба хонаи эшон биёяд, бархурди хубе намекунанд ва бадин тартиб қатъи робита миёни хонаводаҳо сурат мегирад. Чунон чӣ баъзе аз шавҳарон ихтиёр ва салоҳияти умури хонаро ба хонуми худ медиҳанд, то вай тасмим бигарад, ки бо кадом хонавода рафту омад ва дӯстӣ кунанд ва бо ки қатъи робита намояд ва шавҳар бидуни доштани дидгоҳии дуруст мутеъи зан шуда, барномаҳои хонумро бидуни дарназардошти авоқиби он пиёда мекунад, ки ин гуна тобеъи зан будан, авоқиби хубе надошта, аҳёнан дар баъзе хонаводаҳо боиси қатъи робитаи шавҳар бо падару модараш мегардад.

Фаромӯш кардани хешовандону ақориб дар маҳфилҳои хушӣ: Баъзе аз хонаводаҳо ҳаргоҳ барномаҳои хушӣ ва ё маҳфилҳои арӯсӣ ва ё меҳмониҳое дошта бошанд, хешовандону ақориб ва дӯстони худро ба василаи корт, ё ба василаи телефон ва ё ҳам забонӣ ба маросимаш даъват менамоянд, локин аҳёнан дар баъзе аз ин мавориди дӯсте иштибоҳан фаромӯш мешавад ва агар шахси фаромӯш шуда, марди беҳавсала ё асабонӣ, ё бадгумон ва заъифуннафс бошад, ин фаромӯширо таҳқир ва беъетинойи ба шахсияти хеш дониста, билохира ин гумонҳо вайро ба қатъи равобит бо ақориб мекашонад.

Ҳасад ва бадхоҳӣ: Гоҳе ҳам дида мешавад шахсеро, ки Аллоҳи мутаъол сарват ва илму донойи ва мақому манзалати олӣ ато мефармояд, ё ин, ки муҳаббату дӯстияшро дар дилҳои мардум ҷойгузин мекунад ва ё ин, ки хидматгӯзору дилсӯз ба хешу ақориб мебошад, билофосила баъзеҳо бо вай дари адовату ҳасодатро боз намуда, дар пайи машкук кардани шахсияти вай шуда, фазои софу самимиятро миёни вай ва дигарон музтариб месозад.

Бесабрӣ ва адами таҳаммул бо ақориб: Баъзе мардум таҳаммули ҷузъитарин масъаларо аз ақориби хеш надорад. Онон кӯчактарин лағжиш ё саҳву хатои яке аз ақорибро васила ва баҳонае барои қатъи равобит гирифта, муносиботу алоқоти худро бо онон қатъ мекунанд.

Мизоҳҳои хориҷ аз доираи адаб ва шӯхиҳои беҳадду беҷо: Мизоҳу шӯхии бемавриду беҷо, паёмадҳои баде ба дунбол дорад. Шояд шахсе сухани тавҳиномезро дар маҷлисе бигӯяд,ки ба шахси мухотаб таъсири бад намуда, ӯро эҳсосотӣ намояд ва сабаби буғзу кина миёни онон гардад. Аксаран инчунин нороҳатиҳо дар ҷамъ шудани ақориб сурат мегирад.

Воқеъ шудани талоқ ва аксуламали ақориб: талоқ низ яке аз асбоби умда ва асосии кудуратҳои миёни хонаводаҳо мебошад, ки бештар сарчашмаи он умури кӯчаки хонаводагӣ ва сӯйтафоҳум байни завҷайн аст, ки сабаби қатъи равобити хешовандон зиррабт мегардад.

Шарокати миёни хешовандон: Шояд ҳам гоҳгоҳе баъзе аз бародарон ё ақорибу дӯстон, барномаҳои тиҷоратиро миёни ҳам тарҳ намуда, шурӯъ ба кор менамоянд, ки маъмӯлан дар ибтидо усулу шароити марбут ба корро ба таври возеҳ баён намекунанд, зеро гумонҳои неку алоқаҳои иҷтимоъӣ ва қаробате, ки миёни онҳо вуҷуд дорад, онҳоро аз зикри шурут вомедорад. Эшон дар ибтидо масъаларо одӣ ва саҳл ҷилва медиҳанд ва ҳар кадом аз тарафҳои муъомала аз худ гузашт нишон медиҳанд, вале ҳангоме, ки тиҷорати эшон равнақу вусъат мегирад, оҳиста оҳиста бадгумониҳо дар байн пайдо мешавад, ки билохира ба мухолифату душманӣ меанҷомад.

Наздикии хонаҳои хешовандон: Гоҳе ҳам наздикии манозили ақориб боиси нафрат ва қатъи робита миёни онон мегардад, аз ҳазрати Умар (р) ривоят аст, ки вай фармудаст: «Ба мардумоне, ки бо ҳам қаробат доранд, бигӯед то бо якдигар диду боздид намоянд, вале бо ҳам ҳамсоя нашаванд» .

Таъхир дар тақсими тарика, ё мерос: Баъзе мардумон дар мавриди тақсими мерос, саҳлангорӣ намуда, авоқиби бади онро дар назар намегиранд. Ба ҳар андоза тақсими мерос таъхир гардад ва дер замоне бар он бигзарад, ба ҳамон андоза адовату ошӯфтагиҳо дар миёни ақориб афзоиш меёбад.

Машғулияти беш аз ҳад дар умури дунявӣ: Баъзеҳо онқадар бо дунё дил мебанданд ва дунболи он мераванд, ки ҳамаи хешу ақорибро ба боди фаромӯшӣ медиҳанд.

أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

الحَمْدُ لِلهِ رَبِّ العَالمِينْ، وَالصَّلاَةُ وَالسَّلاَمُ عَلىَ نَبِينّا مُحَمّدٍ –صلى الله عليه وسلم-، وَعَلى آلِهِ وَأصْحَابهِ وَمَنْ دَعَا بِدَعْوَتِهِ إلىَ يَوْمِ الدِّيْن. أمّا بعد:

Бародарону Хоҳарони азиз! Қатъи равобит бо хешовандон асарҳои ногуворе дар пай дорад, ки бояд ҳар инсони оқилу ҳӯшёр мутаваҷҷеҳи он бошад ва аз он дурӣ биҷӯяд. Дар нуқтаҳои зайл метавон ба ин асарҳои манфӣ ишора кард:

Қатъкунандаи ақориб мавриди нафрини Аллоҳи мутаъол қарор гирифта, бар қалбаш муҳр ниҳода мешавад ва гӯшаш аз шунидани ҳақ оҷиз мегардад. Аллоҳи мутаъол дар ин маврид чунин мефармояд:

( فَهَلْ عَسَيْتُمْ إِنْ تَوَلَّيْتُمْ أَنْ تُفْسِدُوا فِي الْأَرْضِ وَتُقَطِّعُوا أَرْحَامَكُمْ 22 أُولَئِكَ الَّذِينَ لَعَنَهُمُ اللَّهُ فَأَصَمَّهُمْ وَأَعْمَى أَبْصَارَهُمْ 23 ) [محمد:22- 23]

«Оё агар (аз Қуръон ва барномаи Ислом) рӯйгардон шавед, ҷуз ин интизор доред, ки дар замин фасод кунед ва пайванди хешовандӣ миёни хешро қатъ кунед? Онон касонеанд, ки Аллоҳ эшонро нафрин ва аз раҳмат дур доштааст, лизо гӯшҳояшонро кару ва чашмонашонро кӯр кардааст».

Ба қатъкунандаи хешу табор ваъда дода шудааст, ки аъмолашон қабул нагардад. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Аъмоли бани одам ҳар панҷшанбе, шаби ҷумъа ба ҳузури Аллоҳи бузург пешкаш мешавад ва Аллоҳ амали қатъкунандаи раҳмро намепазирад».

Ҷудошавандаи хешро дар маърази дуои бад қарор медиҳад, хусусан агар хешовандон фақиру тангдаст ва худаш сарватманд бошад. Дар ин сурат вай аз хайри бузург (дуои неки хешовандон) маҳрум шуда, баръакс дуои бади онҳоро дар ҳаққи худ мепазирад.

Қатъи робита бо хешу табор боиси гусехта шудани пайванд ва риштаҳои дӯстӣ миёни хонаводаҳо мешавад.

Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ وَالْإِحْسَانِ وَإِيتَاءِ ذِي الْقُرْبَى وَيَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنْكَرِ وَالْبَغْيِ يَعِظُكُمْ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ 90 ) [النحل: 90]

«Худо ба адлу эҳсон ва бахшиш ба хешовандон фармон медиҳад. Ва аз фаҳшову зишткорӣ ва ситам наҳй мекунад. Шуморо панд медиҳад, бошад, ки пазирои панд шавед!».

Ва дар ҷои дигар Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( فَآَتِ ذَا الْقُرْبَى حَقَّهُ وَالْمِسْكِينَ وَابْنَ السَّبِيلِ ذَلِكَ خَيْرٌ لِلَّذِينَ يُرِيدُونَ وَجْهَ اللَّهِ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ 38 ) [الروم: 38] « Ҳаққи хешовандону мискин ва дар роҳ мондаро адо кун. Ин барои касоне, ки хоҳони подош ва хушнудии Аллоҳ ҳастанд, беҳтар аст ва онҳо наҷотёфтагонанд».

Аммо аҳодисе, ки далолати сареҳ бар воҷиб будани силаи раҳм мекунад, қарори зайл аст:

«أَلاَ تَرْضَيْنَ أَنْ أَصِلَ مَنْ وَصَلَكِ، وَأَقْطَعَ مَنْ قَطَعَكِ».

«Оё розӣ нестӣ, ки бо касе, ки туро (яъне раҳм) васл кардаст, васл кунам ва бо касе, ки туро қатъ кардаст, қатъ кунам».

Аз Абдуллоҳ бин Амр (р) ривоят аст, ки он ҳазрат фармуданд:

« لَيْسَ الوَاصِلُ بِالْمُكَافِئِ، وَلَكِنِ الوَاصِلُ الَّذِي إِذَا قُطِعَتْ رَحِمُهُ وَصَلَهَا».

«Сирф (пайваста доштан) пайванди қаробат кофӣ нест, балки пайванддиҳандаи ҳақиқӣ касест, ки чун пайванди қаробаташ қатъ гардад, онро пайваста бидорад».

Чунон чӣ он ҳазрат (с) фармуданд: «Аз Аллоҳ битарсед ва силаи раҳмҳоятонро пайваст доред».

Имом Табарӣ дар мавриди силаи раҳм чунин мефармояд: «Ҳамаи миллати Ислом бар воҷиб будани силаи раҳм ва ҳаром будани буридани он иттифоқ доранд, чунон чӣ аз Паёмбар (с) ривоят аст, ҳангоме Асмо (р) аз он ҳазрат (с) пурсид, ки: Оё бо модарам силаи раҳм кунам? Фармуданд: «Оре! бо модарат силаи раҳм кун», дар ҳоле, ки модараш кофир буд, вале он ҳазрат (с) ба хотири таъкид ва лозим будани силаи раҳм вайро аз пайвастани бо модари мушрикаш манъ накард» .

Силаи раҳм, ё робита бо хешу табор фазилат ва натиҷаҳои хуби дунявӣ ва ухравиро дар бар дорад, ки оёту аҳодис ва ақволи уламо ва ҳукамо гувоҳ бар онаст.

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم فصلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.

اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.

اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكاها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.