islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Аҳком ва фазоили рӯзи Ҷумъа


5887
Дарс Тавсифи
Рӯзи ҷумъа беҳтарин рӯзест, ки хуршед дар он тулӯъ кардааст. Аллоҳи мутаъол дар он рӯз ҳазрати Одамро халқ карда ва дар он рӯз қиёмат барпо мешавад ва рӯзи иди мусалмонон аст ва ба ҳамин хотир умури хос барои ин рӯз ташреъ шудааст, ки шомили хутбаи ҷумъа, ғусли рӯзи ҷумъа, хушбӯйи, бар намози ҷумъа рафтан бо беҳтарин либос ва беҳтарин ҳолат, зӯд рафтан ба намоз, наздик ба имон нишастан ва диққату гуш додан ба мавъиза ва зикр.

Баёни бартарии баъзе махлуқот бар баъзе.

Баёни фазилати рӯзи ҷумъа ва ҳидояти уммати муҳаммадӣ.

Баёни аҳкоми намози ҷумъа ва баъзе одоби он.

Баёни гуноҳи тарки намози ҷамоъат.

Хутбаи аввал

الحمد لله المبدئ المعيد، الفعال لما يريد، من هداه فهو السعيد، ومن أضله فهو الطريد البعيد، أحمده سبحانه وأشكره، والشكر من أسباب المزيد، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له ذو العرش المجيد، وأشهد أن سيدنا ونبينا محمداً عبد الله ورسوله، أشرف من أضلت السماء، وأكرم من أقلت البيد، صلى الله وسلم وبارك عليه وعلى آله وأصحابه، أهل التوفيق والتسديد، والتابعين ومن تبعهم بإحسان إلى يوم الوعيد.

أما بعد:

Худованди мутаъол мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَاةِ مِنْ يَوْمِ الْجُمُعَةِ فَاسْعَوْا إِلَى ذِكْرِ اللَّهِ وَذَرُوا الْبَيْعَ ذَلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ 9 ) [الجمعة: 9]

«Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳар гоҳ дар рӯзи Ҷумъа нидои намоз дода шуд, бишитобед ба сӯи ёди Аллоҳ –барои намоз- ва хариду фурӯшро раҳо кунед. Ин рафтани шумо ба намоз барои шумо беҳтар аст, агар бидонед».

Бародарон ва хоҳарони гиромӣ! Бидонед рӯзи ҷумъа рӯзи маъмӯлӣ нест. Аллоҳи мутаъол чунон ки аз байни шаҳрҳо Маккаро ба унвони беҳтарин шаҳрҳои дунё қарор дода, аз байни рӯзҳо, рӯзи ҷумъаро аз афзалтарин рӯз, қарор дода ва аз байни моҳо, моҳи рамазон ва аз байни шабҳо, шаби қадрро.

Паёмбари Акрам (с) дар ҳадисе, ки аз Абӯлубоба Бадрӣ (р) ривоят шуда фармуд:

«سيد الايام يوم الجمعة وأعظمها عند الله تعالى، وأعظم عند الله تعالى من يوم الفطر ويوم الاضحى، وفيه خمس خلال: خلق الله عزوجل فيه آدم عليه السلام، وأهبط الله تعالى فيه آدم إلى الارض، وفيه توفى الله تعالى آدم، وفيه ساعة لا يسأل العبد فيها شيئا إلا آتاه الله تعالى إياه ما لم يسأل حراما، وفيه تقوم الساعة، ما من ملك مقرب ولا سماء ولا أرض، ولا رياح ولا جبال ولا بحر إلا هن يشفقن من يوم الجمعة».

«Рӯзи ҷумъа сайид ва сардори рӯзҳо ва бузургтарини онҳо дар назди Аллоҳ аст ва дар назди Аллоҳи мутаъол аз рӯзи иди фитр ва рӯзи иди қурбон бузургтар аст. Дар он рӯз панҷ вижагӣ ҳаст:

1. Одам (а) дар он рӯз офарида шудаст ва дар он рӯз Аллоҳи мутаъол ӯро бар замин фурӯд фиристод. 2. Дар он рӯз вафот ёфт. 3. Дар рӯзи ҷумъа соате вуҷуд дорад, ки дар он соат банда ҳар чизеро аз Аллоҳ бихоҳад, ба вай медиҳад, модоме, ки чизи ҳароме талаб накунад. 4. Ва дар он рӯз қиёмат барпо мешавад. 5. Ҳамаи Фариштагони муқарраб ва осмону замин ва боду кӯҳ ва дарё, ҳама аз рӯзи ҷумъа метарсанд ва аз он ҳарос доранд». Ривояти Аҳмад (84551) ва Ибни Моҷаҳ (4801). Ироқӣ (р) фармудааст: исноди он «ҷайд» аст.

Дар ҳадиси дигар он ҳазрат (с) фармуд:

«خير يوم طلعت فيه الشمس يوم الجمعة: فيه خلق آدم عليه السلام، وفيه أدخل الجنة وفيه أخرج منها. ولا تقوم الساعة إلا في يوم الجمعة».

«Беҳтарин рӯз, рӯзи ҷумъа аст. Дар он рӯз Одам (а) офарида шуд ва дар он рӯз, ба биҳишт ворид шуд ва дар он рӯз, аз он ҷо ихроҷ шуд ва рӯзи растохез низ рӯзи ҷумъа шурӯъ мешавад». Ривояти Муслим (458) ва Абӯдовуд (6401) ва Насойи (3731).

Мусалмонон! Намози ҷумъа бар умматҳои дигар ҳам фарз буда, аммо онҳо ба иллати нофармонӣ ва ихтилофе, ки дар байнашон ба вуҷуд омад, аз фазилати ин рӯзи бузург маҳрум шуданд. Яҳудиҳо шанберо рӯзи иҷтимоъи худашон қарор доданд ва Насоро рӯзи якшанберо.

Аллоҳи мутаъол ин неъмати бузургро насиби ин уммат гардонида ва ин фазилати рӯзи ҷумъаро ба ин уммат ато кардааст. Паёмбари Худо (с) мефармоянд:

« نَحْنُ الآخِرُونَ السَّابِقُونَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ ، بَيْدَ أَنَّهُمْ أُوتُوا الْكِتَابَ مِنْ قَبْلِنَا ، ثُمَّ هَذَا يَوْمُهُمُ الَّذِى فُرِضَ عَلَيْهِمْ فَاخْتَلَفُوا فِيهِ ، فَهَدَانَا اللَّهُ ، فَالنَّاسُ لَنَا فِيهِ تَبَعٌ ، الْيَهُودُ غَدًا وَالنَّصَارَى بَعْدَ غَد» (روايت بخاری 876)

"Мо (мусалмонон), охирин умматҳоем, вале дар рӯзи қиёмат аз ҳама пештар ҳастем. Бо он, ки барои Аҳли китоб пеш аз мо китоб фиристода шуда буд ва таъзими ин рӯз (рӯзи ҷумъа) бар онҳо фарз гардида буд, вале онҳо дар танзими ин рӯз ихтилоф варзиданд. Ва Аллоҳи мутаъол моро дар таъзими ин рӯз муваффақ гардонид, пас мардумон дигар дар таъзими ин рӯз, аз мо мутобиъат карданд. Яҳуд фардои рӯзи ҷумъа, (рӯзи шанбе) ро ва Насоро пас фардои онро, (рӯзи якшанберо) таъзим намуданд". (Ривояти Бухорӣ 876).

Эй бандагон! Намози ҷумъа бар ҳар мусалмони озодаи болиғи ғайри мусофир, ки тавонои рафтан барои адои онро дошта ва узри тарки онро надошта бошад, воҷиб аст. Касоне, ки намози ҷумъа бар онон воҷиб нест, инҳоянд: зан ба таври мутлақ ва бачае, ки ба ҳадди булуғ нарасида бошад. Ин матлаб бо иттифоқи тамоми мазоҳиб аст.

Беморе, ки рафтан ба намози ҷумъа барояш машаққату ранҷ дошта, ё нигарони ин бошад, ки бо рафтани ба берун, беморияш шиддат пайдо кунад, ё беҳбудияшро ба таъхир бияндозад. Дар ин сурат намози ҷумъа бар вай воҷиб нест. Ва касоне, ки ба парастории вай машғул бошанд, агар вуҷудашон зарурӣ бошад, низ ҳукми ҳамон беморро доранд ва намози ҷумъа бар онон низ воҷиб нест.

Аз Ториқ бин Шиҳоб ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд:

«الجمعة حق واجب على كل مسلم في جماعة إلا أربعة: عبد مملوك أو امرأة أو صبي أو مريض».

"Намози ҷумъа ҳаққи воҷибест, бар ҳар мусалмоне, ки онро бо ҷамоъат бихонад, магар чаҳор нафар: ходим, ё зан, ё бача, ё бемор".

Нававӣ (р) фармудааст: исноди ин ҳадис ба шарти Бухорӣ ва Муслим аст. Ҳар маъзӯре, ки рухсати тарки ҷамоъат дошта бошад, метавонад ба намози ҷумъа наравад, монанди узри бориши борон ва лойолуд будани роҳ ва сардии сахти ҳаворо ва амсоли он.

Намози ҷумъа бар касоне, ки зикр шуд воҷиб нест, балки воҷиб аст, ки намози зуҳрро бихонанд ва агар касе аз ин ашхос, ки намози ҷумъа барояшон фарз нест, ба ҷои намози зуҳр дар намози ҷумъа ширкат кард, намози ҷумъааш дуруст аст ва ба ҷои фаризаи зуҳр кифоят мекунад, монади занон низ дар замони Паёмбар (с) ба масҷид меомаданд ва бо вай намоз мегузориданд.

Бародарони мӯмин! Бидонед дар охирин лаҳзаҳои рӯзи ҷумъа дуо кардан бисёр накуст. Ба ривояти Ибни Моҷаҳ аз Абӯсаъид ва Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд:

«إن في الجمعة ساعة لا يوافقها عبد مسلم يسأل الله عزوجل فيها خبرا إلا أعطاه إياه، وهي بعد العصر».

«Бегумон дар рӯзи ҷумъа лаҳзаест, ки ҳар бандаи мусалмоне дар он лаҳза чизи накӯе аз Аллоҳ талаб кунад, Аллоҳ онро ба вай медиҳад ва он лаҳза баъд аз аср аст». Ривояти Аҳмад (8867) ва Ироқӣ гуфтааст: ин ҳадис «саҳеҳ» аст.

Ҳамчунин мустаҳаб аст дар шабу рӯзи ҷумъа, бисёр салавоту салом бар Паёмбар (с) фиристонд. Аз Авс бин Авс (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд:

«من أفضل أيامكم يوم الجمعة: فيه خلق آدم وفيه قبض وفيه النفخة وفيه الصعقة فأكثروا علي من الصلاة فيه فإن صلاتكم معروضة علي». (أبو داود 1047 نسائی 1374 ابن ماجه 1085 و أحمد 16162).

"Рӯзи ҷумъа беҳтарин рӯзҳои шумост. Дар он Одам халқ шуда ва дар он рӯз вафот ёфтааст ва нафхи сӯр ва нафхи соиқа низ дар он рӯз хоҳад буд, бинобарин дар он рӯз бисёр бар ман дуруду салом бифиристед. Бе гумон дурудҳои шумо бар ман арза хоҳанд шуд". Гуфтанд: Эй Расули Худо! чӣ гуна дурудҳои мо бар шумо арза мешавад, дар ҳоле, ки шумо дар зери хок пӯсида хоҳӣ шуд? Эшон дар ҷавоб фармуданд:

«إن الله عزوجل حرم على الارض أن تأكل أجساد الانبياء». ابو داود (1047) نسائی (1374)

"Бегумон Аллоҳ бар замин ҳаром гардонидааст, ки ҷасади поки Анбиёро бихӯрад,ҷасади Анбиёро хок намехурад-". Мақсуд инаст, ки ҷасади Анбиё дар зери хок порапора намешавад ва аз байн намеравад. (Абӯдовуд 1047 ва Насойи 1374).

Ҳамчунин хондани сураи Каҳф дар рӯзи ҷумъа мустаҳаб аст. Аз Абӯсаъид Хузрӣ (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд:

«من قرأ سورة الكهف في يوم الجمعة أضاء له من النور ما بين الجمعتين»

«Ҳар кас рӯзи ҷумъа сураи Каҳфро қироъат кунад, аз ин ҷумъа то ҷумъаи дигар барояш нур ва равшанӣ хоҳад буд». (Ба ривояти Байҳақӣ (606) ва Ҳоким (2072).

Ғуслу шустушӯйи ва худоройи ва мисвок кардан ва истеъмоли хушбӯйи барои иҷтимоъот, хосатан барои намози ҷумъа мустаҳаб аст. Аз Абӯсаъид Хузрӣ (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд:

«على كل مسلم الغسل يوم الجمعة ويلبس من صالح ثيابه، وإن كان له طيب مس منه»

«Бар ҳар мусалмон лозим аст, ки дар рӯзи ҷумъа ғусл кунад ва шоистатарин либосро бипӯшад ва агар моводи хушбӯ дошт, аз он чизе ба худ бизанад». Ба ривояти Аҳмад (16398).

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم. أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلمين انه هو الغفور الرحيم.

الحمد لله رب العالمين والعاقبة للمتقين ولا عدوان إلا على الظالمين أحمده سبحانه وتعالى وهو أهل للحمد والثناء وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له وأشهد أن محمدا عبدالله ورسوله صلوات الله وسلامه عليه وعلى آله وأصحابه ومن سار على نهجه إلى يوم الدين وبعد:

Эй бандагон! Худованди меҳрубон, бар мо миннат ниҳода ва роҳҳои касби савобро боз гузошта, то бандагони мӯмин тӯшае барои охирати хеш омода намоянд. Яке аз ин роҳҳо, ҳузур ёфтан қабл аз намоз дар масҷид аст, яъне барои ғайри имом суннат аст, ки пеш аз вақти намози ҷумъа равад.

Чунон, ки аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари (с) фармуд:

«من اغتسل يوم الجمعة غسل الجنابة ثم راح فكأنما قرب بدنة ، ومن راح في الساعة الثانية فكأنما قرب بقرة، ومن راح في الساعة الثالثة فكأنما قرب كبشا أقرن ومن راح في الساعة الرابعة فكأنما قرب دجاجه، ومن راح في الساعة الخامسة فكأنما قرب بيضة. فإذا خرج الامام حضرت الملائكة يستعمون الذكر». (صحيح بخاری،881 صحيح مسلم ، 850 ابوداود 351، ترمذی 499 نسائی 1388 أحمد 9926).

"Касе, ки рӯзи ҷумъа ба монанди ғусли ҷанобат ғусл кунад, сипас дар лаҳзаҳои аввал ба масҷид рафт, мисли ин ки савоби қурбонӣ кардани як шутурро дорад ва дар лаҳзаи дуввум савоби қурбонӣ кардани як гов ва дар соати саввум савоби қурбонӣ кардани як гӯсфанди шохдор ва дар соати ҷаҳорум савоби қурбонӣ кардани як мурғ ва дар панҷум савоби бахшидани як тухмро дорад. Чун имом барои хондани хутба бар минбар омад, дигар фариштагон барои шунидани зикр ва дуо ҳозир мешаванд ва дигар чизе наменависанд". Ғайр аз Ибни Моҷаҳ ҳамаи муҳаддисин инро ривоят кардаанд.

Ба ҳам задани сафҳои намозгузорон ва шикофтани онҳо дар рӯзи ҷумъа макрӯҳ аст. Аз Абдуллоҳ бин Буср (р) ривоят аст, ки як бор ҳангоме, ки Паёмбар (с) машғули хондани хутбаи намози ҷумъа буд, марде омад ва суфуфро ба ҳам зад ва бо даст гардани мардумро канор мезад. Паёмбар (с) фармуд: «اجلس فقد آذيت وآنيت" , “бишин, бешак мардумро озурдӣ ва таъхир намудӣ ва сустӣ кардӣ”. (Абӯдовуд (8000) ва Насойи (9931) ва Аҳмад (47671) онро ривоят карда ва Ибни Хузайма (3541) ва дигарон онро “саҳеҳ” донистанд).

Бародарон ва Хоҳарон! Қуръони Карим ва Аҳодиси шариф таъкиди фаровон ба иттиҳоди мусалмонон ва инсиҷоми исломӣ намудаанд ва ҷомеъаи исломиро ба як ҷисм ташбеҳ кардаанд, ки ҳамаи аъзои як ҷисм ба ҳам пайваста ҳастанд. Лизо барои истеҳкоми иттиҳод ва инсиҷом Аллоҳи мутаъол ҳафтае як рӯзро қарор дода, то мусалмонон аз ҷойҳои дуру наздик дар намозгоҳ ва миъодгоҳи намози ҷумъа ҳозир шаванд ва дар канори якдигар ваҳдаташонро ба намоиш бигзоранд.

Вақте мусалмонон дар як ҷо ҷамъ мешаванд ва дар канори якдигар намози ҷумъаро барпо мекунанд, худ ба худ улфату муҳаббат дар дилҳои онон ҷо мегирад ва якдигарро беҳтар мешиносанд ва дар мавқеъе, ки мушкил барои фарде аз афроди ҷомеъа иттифоқ меафтад, метавонанд ба ӯ кӯмак кунанд.

Ҳамон тавр, ки медонед, барои ҳар шахси мусалмон воҷиб аст то дин ва масоили шаръиро ёд бигирад. Лизо дар рӯзи ҷумъа, ки Қуръону Ҳадиси Расули Аллоҳ (с) баён мешавад, мусалмонон дар намозгоҳи ҷумъа ҳозир мешаванд ва масоили динашонро меомӯзанд. Дар воқеъ намози ҷумъа як курси ҳафтавор аст барои омӯхтани дин ва панду андарзҳои Исломӣ ва лозим аст, ки ҳар фарди мусалмон дар ин курс ширкат кунад. Намози ҷумъа дар воқеъ яке аз бузургтарин шаъоири Ислом аст, ки азаммати дини Исломро ба намоиш мегузорад.

Мусалмонон! Шевае, ки Аллоҳ дар оёти сураи ҷумъа ба талош ва шитобидан ба сӯи намоз амр кардааст, ба мафҳуми вуҷуб аст. Дар ин оёт Аллоҳи мутаъол мардумро аз муъомила кардан манъ кардааст, то ба василаи он аз анҷоми намоз боз намонанд.

Агар намози ҷумъа воҷиб намебуд, бешак мардум ба хотири он аз муъомала ва хариду фурӯш наҳй намешуданд.

Аз Абӯҳурайра ва Ибни Умар (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) бар рӯи минбараш мефармуд:

«لينتهينّ أقوام عن ودعهم الجمعة والجماعات أو ليختمن الله علی قلوبهم ثم ليکونن من الغافلين». (به روايت مسلم 865)

"Хоҳ гурӯҳҳо аз тарк кардани намози ҷумъа ва ҷамоъат даст бармедоранд, ё Аллоҳ бар қалбҳояшон муҳр мезанад, сипас бешак аз ҷумлаи ғофилон хоҳанд шуд". (Ба ривояти Муслис 865).

Дар ҳадиси дигар аз Паёмбар (с) ривоят шуда аст, ки фармуданд:

«من ترک ثلاث جمع تهاوناً بها طبع الله علی قلبه» (أبوداود ،1052 و نسائی 1369)

"Касе, ки се намози ҷумъаро ба хотири сустӣ ва танбалӣ тарк кунад, Аллоҳ бар қалбаш муҳр мезанад". (Абӯдовуд 1052 ва Насойи 1369).

Пас эй бандаи Аллоҳ! Аз паёмади танбалӣ дар намози ҷумъа парҳез кун ва битарс , ки ин амр бисёр хатарнок ва муҳим аст. Эй бародари мусалмон ва фозил! Бидон, ки ҳадаф аз вуҷуди мо дар ин зиндагии фонӣ, ҳамоно ибодати Аллоҳи Азза ва Ҷалла мебошад.

Бародарам! Туро ба тақвои Аллоҳи Азза ва Ҷалла ва муҳофизат бар намозҳои панҷгона дар масоҷид, тавсия мекунам ва бидон, умри ту дар ҳоли кам шудан аст, на зиёд шудан ва бидон, ки тавба аз гуноҳон воҷиб аст. Аллоҳ таъоло мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا تُوبُوا إِلَى اللَّهِ تَوْبَةً نَصُوحًا ) [التحريم: 8] «Эй мӯминон! Ба сӯи Аллоҳ тавба кунед, тавбаи холис».

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]اللهم صلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين. اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.