islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Ҷойгоҳи Саҳоба дар Ислом


3303
Дарс Тавсифи

الحمد لله الذي اصطفي لنصرة دينه أفضل عباده بعد الأنبياء والصلاة والسلام علي أشرف الخلق ومعلم البشرية جمعا وعلى آله وأزواجه ومن اعتز بصحبته وفاز برفقته ومن تبعهم بإحسان إلى يوم اللقاء. وبعد:

Бародарони мусалмон! Аллоҳи мутаъол дар Каломи маҷидаш мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

«Эй касоне, ки имон овардаед, чунон ки ҳаққи тарсидан аст, аз Аллоҳ битарсед ва намиред дар ҳоле, ки мусалмон бошед».

Пас худам ва шуморо ба тақвои Илоҳӣ ва тарси ҳақиқӣ аз Аллоҳи зулҷалол, даъват мекунам.

Аллоҳи мутаъол дар Каломи маҷидаш мефармод:

( لَقَدْ رَضِيَ اللَّهُ عَنِ الْمُؤْمِنِينَ إِذْ يُبَايِعُونَكَ تَحْتَ الشَّجَرَةِ فَعَلِمَ مَا فِي قُلُوبِهِمْ فَأَنْزَلَ السَّكِينَةَ عَلَيْهِمْ وَأَثَابَهُمْ فَتْحًا قَرِيبًا 18 ) [الفتح: 18]

«Бешак, Аллоҳ аз мӯминон розӣ гардид, ҳамондаме, ки дар зери дарахт бо ту байъат карданд. Аллоҳ он чӣ дар даруни дилҳояшон нуҳӯфта буд, медонист, лизо итминони хотире бар дилҳояшон дод ва фатҳи наздикеро подошашон кард».

Бародарони мӯмин ва дӯстдорони Саҳобаи Расули Акрам (с)! Ҳамчуноне, ки иттилоъ доред, пас аз Паёмбарони Илоҳӣ (а), беҳтарин ва поктарин қишри ҷомеъаи инсонӣ, шогирдон ва тарбиятёфтагони мактаби инсонсози Анбиё (а), яъне саҳоба ва ёрони онҳо ҳастанд.

Лизо аз оғози эълони беъсат, то лаҳзаҳои охирини зиндагии пурнури он хуршеди оламтоб –дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод- дар тамоми саҳнаҳо ва дар паҳнойи бистари 23 солаи таърихи дурахшони ин дини ҷаҳонӣ, ҳузури имонӣ ва содиқонаву фаъол ва шабонарӯзии Саҳоба ва ёрони он ҳазрат (с) машҳуд аст ва балки бо оёт ва муъҷизоти китоби осмонӣ ва суханони нағзу ширин ва сареҳи Аллоҳи ягона, мустанад аст.

Оре! Саҳоба ва ёрони Расули Аллоҳ (с), он талиъадорон ва меъморони иморати имон, дар муддати бисту се сол, дар як синф ва дар хидмати як устод, шогирдӣ карданд. Ин мактаб ва ин мадраса ва ин устоду ин раҳнамо ва ин шогирдон, танҳо намунаи комил дар таърихи башарият ҳастанд.

Ба ҳамин далел, Аллоҳи мутаъол дар ояти каримае, ки тиловат шуд, аз ин мӯминони ҳақиқӣ ва қаҳрамонони намунаи таърихи башар, эълони ризоят ва хушнӯдӣ намудааст.

Дар бораи теъдоди Саҳобае, ки дар байъатур-ризвон ширкат доштанд, ҳазрати Ҷобир (р) мефармояд: «كُنَّا أَلفاً وَأربَعمائةٍ», «ҳазору чаҳорсад нафар будем». Саҳеҳи Бухорӣ, китоби мағозӣ, боби Ғазваи Ҳудайбия, ҳадиси 6154, Фатҳул-борӣ 7/507, чопи Райён.

Байъатур-ризвон дар ҷараёни сулҳи Ҳудайбия, дар соли шашуми ҳиҷрӣ иттифоқ афтод, ҳангоме ки овоза шуд, ки ҳазрати Усмон (р) ба шаҳодат расида, Расули Аллоҳ (с) барои интиқоми хуни ҳазрати Усмон аз Саҳоба дар зери дарахте, байъат гирифтанд. Касоне, ки дар ин байъат ширкат карданд, Аллоҳ аз онон эълони ризоят ва хушнӯдӣ намуд.

Пас ояти каримаи фавқ, далолати ошкор дорад, ки Аллоҳ тамоми байъаткунандагон бо он ҳазратро пок кардааст, тазкия ва поке, ки ҷуз Аллоҳ, на касе бар он қудрат ва тавоне дорад ва на касе метавонад аз он хабар диҳад. Ин покӣ, покии даруни дилҳои ононаст ва он чӣ, ки дар даруни дилҳо вуҷуд дорад, бар ин асос аст, ки Аллоҳ мутаъол аз он розӣ ва хушнӯд гардидааст. (ал-савоиқул-муҳриқа, с/326).

Он чӣ ки ин мавзӯъро ба таъкид мерасонад, фармудаи Расули Акрам (с) аст, ки мефармояд:

«لاَ يَدْخُلُ النَّارَ إِنْ شَاءَ اللَّهُ مِنْ أَصْحَابِ الشَّجَرَةِ أَحَدٌ. الَّذِينَ بَايَعُوا تَحْتَهَا.»

«Иншоаллоҳ ҳеҷ кадом аз Асҳоби шаҷара, ки дар зери он дарахт, байъат карданд, вориди дӯзах нахоҳанд шуд». (саҳиҳи Муслим, китоби Фазоили Саҳоба, боби фазоили асҳоби шаҷара, ҳадиси 2496, 2/1942).

Уламо мефармоянд: «Ризоят аз ҷониби Аллоҳ, яке аз сифоти азалии ӯ таъолост. Ӯ аз бандае розӣ ва хушнӯд намешавад, магар ин, ки бидонад, ки воҷиботи ризоят ва хушнӯдии ӯ таъолоро бароварда мекунад ва касе, ки Аллоҳи мутаъол аз ӯ розӣ шавад, ҳаргиз бар ӯ хашм нахоҳад гирифт, пас ҳар кас, ки Аллоҳи мутаъол хабар дода, ки аз ӯ розӣ ва хушнуд шуда, аҳли биҳишт аст. Ризоят ва хушнӯдии Аллоҳи мутаъол аз бандагонаш, пас аз имон ва амали солеҳ, таҳқиқ меёбад, лизо эълони ин ризоят, дар зимн мадҳу сано аз он банда ва бандагон, анҷом мегирад. Бинобарин агар Аллоҳи мутаъол, донандаи ғайб бидонад, ки фалон банда пас аз имон ва амали солеҳ, муртакиби гуноҳе хоҳад шуд, ки Парвардигорро ба хашм биёварад, қатъан чунин эълоне нахоҳад кард ва қатъан он банда шомили ризоят ва хушнӯдии Аллоҳи мутаъол, нахоҳад гардид» .

Аллома бин Ҳазм мефармояд: «Касоне, ки Аллоҳи Азза ва Ҷалла, хабар дода, ки ӯ асрори ононро дониста ва аз онон розӣ ва хушнӯд гардида ва бар онон сакина ва оромиш, нозил фармуда аст, пас ҳаргиз барои касе ҷоиз нест, ки дар бораи онон таваққуф кунад, ё дучори шакку тардид гардад» .

Аллоҳи мутаъол дар ояти дигар мефармояд:

( مُحَمَّدٌ رَسُولُ اللَّهِ وَالَّذِينَ مَعَهُ أَشِدَّاءُ عَلَى الْكُفَّارِ رُحَمَاءُ بَيْنَهُمْ تَرَاهُمْ رُكَّعًا سُجَّدًا يَبْتَغُونَ فَضْلًا مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَانًا سِيمَاهُمْ فِي وُجُوهِهِمْ مِنْ أَثَرِ السُّجُودِ ذَلِكَ مَثَلُهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَمَثَلُهُمْ فِي الْإِنْجِيلِ كَزَرْعٍ أَخْرَجَ شَطْأَهُ فَآَزَرَهُ فَاسْتَغْلَظَ فَاسْتَوَى عَلَى سُوقِهِ يُعْجِبُ الزُّرَّاعَ لِيَغِيظَ بِهِمُ الْكُفَّارَ وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آَمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ مِنْهُمْ مَغْفِرَةً وَأَجْرًا عَظِيمًا 29 ) [الفتح: 29]

«Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст ва касоне, ки бо ӯ ҳастанд, дар баробари куффор сарсахту шадид ва дар миёни худ меҳрубонанд, пайваста онҳоро дар ҳоли рукӯъ ва суҷуд мебинӣ. Онҳо ҳамвора фазли Аллоҳ ва ризои ӯро металабанд. Нишонаи онҳо дар сураташон аз асари саҷда, намоён аст. Ин васф ва масали онон дар Тавроту Инҷил, ҳамонанди наҳолест, ки ҷавонаҳои худро хориҷ сохта, сипас ба тақвияти он пардохта, то мустаҳкам шуда ва бар пойи худ истода аст ва ба қадре нуму ва рушд карда, ки зориъонро ба шигифт оварад. Ин барои онаст, ки кофиронро ба хашм оварад. Аллоҳ касоне аз онҳоро, ки имон овардаанд ва амали солеҳ анҷом додаанд, ваъдаи омӯрзиш ва подоши бузурге, дода аст». (сураи Фатҳ 29)

Имом Молик (р) мефармояд: «Шунидам, ки вақте Насоро Саҳобаи киромро, ки Шомро фатҳ карда буданд, медиданд мегуфтанд: Тавре, ки ба мо хабар расидааст, ба Аллоҳ қасам инҳо аз асҳоби ҳазрати Исо (а) беҳтаранд» .

Аллома Ибни Ҷавзӣ (р) мефармояд: «Дар назди ҷумҳури уламо, ин сифати тамоми Саҳоба (р) аст» .

Аллоҳи мутаъол дар ояти дигаре мефармояд:

( وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُمْ بِإِحْسَانٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ 100 ) [التوبة: 100]

«Ва гузаштагони нахустин аз Муҳоҷирин ва Ансор ва касоне, ки ба накӯкорӣ аз онон пайравӣ карданд, Аллоҳи мутаъол аз онон хушнӯд шуд ва (онон низ) аз Аллоҳ хушнӯд шуданд ва барояшон боғҳое, ки дар он наҳрҳое равон аст, омода сохт, ки дар он ҷо ҳамеша ҷовидонанд, инаст комёбии бузург».

Пас, вақте мо аз Саҳоба сӯҳбат мекунем, аз мактаб ва мадрасае сухан мегӯем, ки зери назари мустақим ва бо роҳнамоии Холиқи коинот, таъсис ва идора шуда, мактаб ва мадрасае, ки устод ва муаллиму мураббии он ба василаи худи он Холиқи коинот ва Парвардигори Ҷаҳониён, тарбият шуда ва ба василаи сардори фариштагони маъсум, Ҷибриили амин, қалби покаш, на дар олами хобу хаёл, балки дар олами шуҳуд ва ошкор ва ба гунаи ошкор, шикофта ва шустушӯ дода шудааст.

Устод ва муаллиме, ки тамоми лаҳазоти зиндагӣ ва тамоми соатҳои шабонарӯзаш, мустақиман ба василаи худи Аллоҳи Рабилоламин, ҳидоят ва контрол мешуд, ки ҳар ҷо хост, иштибоҳ биравад, фавран ислоҳ ва тавҷеҳу роҳнамойи мегардид. Масалан ҳанӯз аз маҷлиси саҳобии нобинояшон, Абдуллоҳ бин Умми Мактум, баланд нашуда буд, ки ба хотири ӯ тавбиху сарзаниш гардид, «عبس», яъне, «турушрӯи кард ва рӯй гардонд».

Устод ва муаллиму мураббие, ки ингуна бо назорати мустақим ва сареҳу ошкори Аллоҳи мутаъол, синфро идора кунад ва шогирд тарбият намояд, шумо тасаввур кунед, ки шогирдонаш, чӣ гуна инсонҳое бояд бошанд?!.

Вақте аз яке аз бузургтарин ва сахтарин ғазавоти ҷангии –Паёмбар (с)- яъне (ғазваи Табук) се нафар аз Саҳоба бидуни узр, ғоиб мешаванд, ба дастӯри Аллоҳи мутаъол тамоми шаҳри Мадина бо онҳо қатъи робита мекунанд. Аз устод ва муаллиму мураббӣ гирифта, то дӯсту рафиқ ва хонавода ва ҳатто ҳамсаронашон!.

Ва онҳо бо ин вуҷуд ва дар чунин тангнойи кушандае, пешниҳоди кӯмак аз сӯи душманро рад мекунанд, то ин, ки аз осмони аъло мустақиман, узрашон пазируфта ва тавбаашон қабул мегардад.

Даҳҳо намунаи дигар вуҷуд дорад, ки ба далели тангии вақт сарфи назар мекунем.

Шогирдоне, ки ин гуна тарбият шаванд, ҳадс бизанед, ки чӣ имону садоқат ва таъаҳҳуде хоҳанд дошт? чӣ касе қудрат ва тавоноии васфу таъбири имони фулодин ва вафову садоқати онҳоро дорад?! Ин ҷомеъаи фариштагон нест, ҳақоиқи таърихи дурахшони Ислом ва сирату зиндагии шогирдони Муҳаммад, Расули Аллоҳ (с) аст!.

Оре! бисту се сол шогирдӣ, дар як синф ва дар хидмати як устод ва муаллиму мураббӣ, бо омӯзишҳои амалӣ ва гузаронидани даҳҳо ва садҳо марҳала аз озмоишоти сахту тоқатфарсое, ки тасвираш ҳам барои мо душвор аст.

Пас аз он ҳама таҳаммул, ранҷу машаққат ва сахтӣ, Аллоҳи меҳрубон дилҳои онҳоро ҳамчун шиша ва ойина ва булӯр софу шафоф кард ва эълон намуд, ки « فَعَلِمَ مَا فِي قُلُوبِهِمْ» (фатҳ 18). Оре! Аллоҳи мутаъол пинҳониҳо ва завоёҳои торики гӯшаҳои қалби онҳоро низ дид ва дурахшиши нури имон ва шукуфоии садоқату тақво ва инъикоси зикру дуо ва ибодатро дар он мушоҳида кард ва писандид ва ба унвони подоше дар баробари он ҳама талошу муҷоҳадат аз онҳо эълони ризоят ва хушнӯдӣ намуд: " ﰍ ﰎ ﰏ ﰐ ﰑ ﰒ " "Аллоҳ аз онҳо розӣ шуд ва онҳо низ аз ӯ розӣ шуданд".

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم ونفعنا بهدي سيد المرسلين وقوله القويم أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلين والحمد لله رب العالمين.

الحمد لله معز المؤمنين الصادقين ومذل المنافقين الماكرين والصلاة والسلام علي أشرف معلم وأكرم رسول محمد الصادق الأمين وعلى آله الطيبين الطاهرين وصحابته الأبرار المجاهدين ومن تبعهم بإحسان الى يوم الدين.

Бародарони мӯмину мусалмон ва дӯстдорони аҳли имон! Расули гиромӣ (с) мефармоянд:

«لاَ تَسُبُّوا أَصْحَابِى، لَوْ أَنَّ أَحَدَكُمْ أَنْفَقَ مِثْلَ أُحُدٍ ذَهَبًا مَا بَلَغَ مُدَّ أَحَدِهِمْ وَلاَ نَصِيفَهُ».

«Асҳоби маро дашном надиҳед, агар яке аз шумо ба андозаи кӯҳи Уҳуд, тилло нафақа кунад, ба андозаи як мушт ё (ҳатто) нисф мушт аҷри яке аз онон намерасад» .

Расули Акрам (с) дар ривояти дигаре фармудаанд:

« خَيْرُ أُمَّتِى قَرْنِى ثُمَّ الَّذِينَ يَلُونَهُمْ ثُمَّ الَّذِينَ يَلُونَهُمْ».

«Беҳтарини уммат касоне ҳастанд, ки дар қарни ман зиндагӣ мекунанд, сипас касоне, ки баъд аз онҳоянд, сипас касоне, ки баъд аз онҳоянд».

Дар ҳадиси ҷолиби дигаре фармуданд:

«النُّجُومُ أَمَنَةٌ لِلسَّمَاءِ فَإِذَا ذَهَبَتْ النُّجُومُ أَتَى السَّمَاءَ مَا تُوعَدُ وَأَنَا أَمَنَةٌ لِأَصْحَابِي فَإِذَا ذَهَبْتُ أَتَى أَصْحَابِي مَا يُوعَدُونَ وَأَصْحَابِي أَمَنَةٌ لِأُمَّتِي فَإِذَا ذَهَبَتْ أَصْحَابِي أَتَى أُمَّتِي مَا يُوعَدُونَ» .

«Ситораҳо амини осмон ҳастанд, ҳар гоҳ ситорагон бираванд, ба осмон чизе, ки ваъда шудааст, мерасад ва ман амини ёрони хеш мебошам ва замоне, ки ман биравам, ба ёронам чизе, ки ваъда шудааст, мерасад ва ёрони ман амини уммат мебошанд, замоне, ки ёрони ман бираванд, ба уммати ман чизе, ки ваъда дода шудаааст, мерасад».

Аз ҳазрати Умари Форӯқ (р) ривоят аст, ки Расули Акрам (с) фармуданд: « أَكْرِمُوا أَصْحَابِي، فَإِنَّهُمْ خِيَارُكُمْ», «Ба Асҳоби ман эҳтиром бигзоред, ки онҳо беҳтарини шумо ҳастанд» .

Ва дар ривояти дигаре омадааст: « احْفَظُونِي فِي أَصْحَابِي», «Эҳтироми маро дар ёронам ҳифз кунед» .

Анас бин Молик (р) аз Паёмбар (с) ривоят намуда, ки фармуданд:

«آيَةُ الإِيمَانِ حُبُّ الأَنْصَارِ، وَآيَةُ النِّفَاقِ بُغْضُ الأَنْصَارِ».

«Аломати имон, муҳаббати Ансор ва аломати нифоқ, буғзи Ансор аст» .

Ҳамчунин дар бораи Ансор фармуданд:

«لا يُحِبُّهُمْ إِلاَّ مُؤْمِنٌ، وَلاَ يُبْغِضُهُمْ إِلاَّ مُنَافِقٌ».

«Ононро дӯст намедорад, магар касе, ки мӯмин бошад ва бо онон буғз намеварзад, магар касе, ки мунофиқ бошад» .

Масъалаи муҳими дигаре, ки бояд дар инҷо ёдовар шавам, инаст, ки дар асри Паёмбар (с) касоне ҳам буданд, ки ба далели тарси аз даст додани ҷойгоҳ ва маконати иҷтимоъии худ, ё иллатҳои дигаре, зоҳиран мусалмон шуданд, аммо дар дил, кофир буданд!.

Дар Макка на мунофиқ буд ва на заминаи пайдо шудани он. Вақте Паёмбар (с) ба Мадина ҳиҷрат карданд ва ғазваи Бадр пеш омад, Аллоҳи мутаъол аҳли имонро иззату қувват бахшид ва ширку аҳли ботилро хору залил кард, аҳли ботил дар Мадина фаҳмиданд, ки Паёмбар (с) қудратро дар Мадина гирифт, лизо роҳи нифоқро дар пеш гирифтанд! Пас мунофиқон бидуни истисно, ҳама аз аҳли Мадина буданд, лизо намечаспад нифоқ ба ҳеҷ кадом аз муҳоҷирон, ки мароҳили сахт ва имтиҳоноти тоқатфарсоеро пушти сар гузошта буданд, намечаспад ва ба Ансор, ки қабл аз ғазваи Бадр, мусалмон шуда ва бо Паёмбар (с) байъат карда буданд, низ намечаспад.

Аллоҳи мутаъол дар бораи мунофиқин оёте нозил фармуд, ки то қиёмат тиловат мешавад, сифот ва вижагиҳо ва аломоту нишонаҳои ононро ба тафсил баён фармуда ва Паёмбар (с)ро аз тамоми асрори онон, ҳатто ном ва мушаххасоти комили онон огоҳ фармуд, илова бар сураи Мунофиқин, сураи дигаре нозил кард, «тавба», ки яке аз номҳои он, «фозиҳа», яъне: расвокунанда аст.

( إِنَّ الْمُنَافِقِينَ فِي الدَّرْكِ الْأَسْفَلِ مِنَ النَّارِ وَلَنْ تَجِدَ لَهُمْ نَصِيرًا 145 ) [النساء: 145]

اللهم صل على محمد وعلى آل محمد كما صليت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد. اللهم بارك على محمد وعلى آل محمد كما باركت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد.

اللهم صل على محمد وأزواجه وذريته كما صليت على آل إبراهيم وبارك على محمد وأزواجه وذريته كما باركت على آل إبراهيم إنك حميد مجيد .

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المؤمنين والمؤمنات والمسلمين والمسلمات الأحياء منهم والأموات، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقواها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار. عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.