islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook

Закот


4679
Дарс Тавсифи

Баёни ҳукми закот ва маконати он дар Ислом.

Баёни ҳикматҳои волои закот.

Баёни молҳое, ки дар он закот лозим аст.

Баёни ҷои сарфи закот ва диққат дар доду гирифти он.

Хутбаи аввал

الحمدُ للهِ الذِي جعَلَ الزَّكاةَ طهارةً ونَمَاءً، وزادَ أهلَهَا فضْلاً وعطاءً وأَشْهَدُ أَنْ لاَ إِلهَ إِلاَّ اللهُ وَحْدَهُ لاَ شَريكَ لَهُ القائلُ :

( وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآَتُوا الزَّكَاةَ وَارْكَعُوا مَعَ الرَّاكِعِينَ 43 ) [البقرة: 43]

وأشهدُ أنَّ سيدَنَا محمداً عَبْدُ اللهِ ورسولُهُ وصفيُّهُ منْ خلقِهِ وخليلُهُ القائلُ : ”مَنْ أَدَّى زَكَاةَ مَالِهِ فَقَدْ ذَهَبَ عَنْهُ شَرُّهُ “اللهمَّ صَلِّ وسَلِّمْ وبَارِكْ علَى سيدِنَا محمدٍ وعلَى آلِهِ وأصحابِهِ والتابعينَ ومَنْ تَبِعَهُمْ بإحسانٍ إلَى يومِ الدِّينِ

أَمَّا بَعْدُ:

Аллоҳи азза ва ҷалла мефармояд:

( إِنَّ رَبَّكَ يَبْسُطُ الرِّزْقَ لِمَنْ يَشَاءُ وَيَقْدِرُ إِنَّهُ كَانَ بِعِبَادِهِ خَبِيرًا بَصِيرًا30 ) [الإسراء: 30]

«Бегумон Парвардигорат, рӯзии ҳар касро, ки бихоҳад фаровон медиҳад ва рӯзии касеро, ки бихоҳад, танг мегардонад, чаро ки Аллоҳ аз бандагони худ огоҳу бино аст».

Бародарон ва Хоҳарони мӯмин! Дар воқеъ Аллоҳ ба ҳар касе истеъдодҳои хосеро рӯзи кардааст. Яке аз рӯзӣ, саломатӣ ва қудрати баданӣ бархурдор аст ва дигаре аз рӯзӣ, ҳушу ибтикор ва саввумӣ аз молу маноли дунявӣ баҳраи бештар бурдааст ва чаҳорумӣ аз ҳиссу ҳунаре баҳраи хубе дорад ва ғайра ва ҳамаи инҳо аз синфи рӯзист. Лизо аз рӯзӣ ҳама бархурдоранд, локин, синфи рӯзиҳо мутафовит аст ва ҳамин амр боис мешавад, ки ҳамаи мардум ба ҳамдигар мӯҳтоҷ бошанд ва ин эҳтиёҷоти мутақобил боиси падид омадани иҷтимоъ ва бақои он мешавад. Рӯзии афзун гоҳо аз боби муҷозоти Илоҳист, яъне Аллоҳи мутаъол касонеро, ки Аллоҳро фаромӯш карда ва ба дунё часпидаанд, бо умури дунёйи машғул мекунад, то бидуни ин, ки худ бидонанд, ногаҳон худро дар оташи ҷаҳаннам бубинанд.

Ва гоҳо тафовути ризқ барои имтиҳони бархе аз бандагонаст, то аз ин роҳ истеъдодҳои фитрии афрод шукуфо шавад ва гоҳо тафовут дар ризқ барои инаст, ки Аллоҳи мутаъол ҳузури хешро дар таъбири олам ба бандагонаш нишон диҳад ва бифаҳмонад, ки касрати моли дунё, боарзиш набуда ва инояти хоси Аллоҳ ба касе нест. Чунон, ки ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд:

«إن الله قسم بينكم أخلاقكم كما قسم بينكم أرزاقكم وإن الله يعطي الدنيا من يحب ومن لا يحب ولا يعطي الإيمان إلا من يحب» مستدرك حاكم

"Ҳамоно Аллоҳ ҳамчуноне, ки ахлоқро байни шумо тақсим карда, рӯзиро низ миёнатон тақсим намудааст ва ҳамоно Аллоҳ дунёро (молу манол) барои касе, ки дӯст медорад ва дӯст намедорад, медиҳад, локин имонро танҳо ба касе медиҳад, ки ӯро дӯст медорад".

Аллоҳи мутаъол закотро ба унвони як амали ибодӣ, ки доройи аҳамияти бисёр бузург аст ва ҳам ба унвони рафъи фақр дар ҷомеъа, фарз намуда ва саҳме аз манофеъи амвол ва даромади мардумро ба унвони садақаҳои воҷиб, ки ҳамон закот аст, барои иҷтимоъ дар назар гирифтааст, то бадин васила, заминаи саъодати ҷомеъа ва тавозуни онро фароҳам намояд.

Аллоҳ дар оёти мутаъаддид ба мусалмонон дастӯр додааст, ки закот бидиҳанд ва дар ҳар ояте, ки мардумро ба барпо доштани намоз даъват карда бошад, ҳатман амр ба пардохтани закот низ ҳамроҳи он зикр шудааст. Бинобарин намозу закот ду поя ва сутуни мустаҳкаме ҳастанд, ки дини Ислом бо онҳо поягузорӣ шудааст.

Закот яке за пояҳои панҷгонаи Ислом аст ва дар ҳаштоду ду ояти Қуръон ҳамроҳ бо "Салот" зикр шудааст.

Далелҳои фарзияти закот, Қуръону Суннат ва иҷмоъи Уммати Муҳаммад (с) мебошад.

Аллоҳ дар китоби маҷидаш мефармояд:

( وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآَتُوا الزَّكَاةَ وَمَا تُقَدِّمُوا لِأَنْفُسِكُمْ مِنْ خَيْرٍ تَجِدُوهُ عِنْدَ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ 110 ) [البقرة: 110]

«Ва намоз барпо доред ва закотро бипардозед ва ҳар кори неке, ки пештар барои худ бифиристед, онро дар назди Аллоҳ хоҳед ёфт ва Аллоҳ ба ҳар чӣ мекунед, огоҳу биност».

Ва аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд:

«بني الاسلام علي خمس ، شهادة أن لا اله الاالله وأن محمدا رسول الله وإقام الصلاة وإيتاء الزكاة وحج البيت وصيام رمضان». (متفق عليه)

«Ислом бар панҷ рукн бино ёфтаст: Шаҳодатайн, барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷҷи Хонаи Худо ва Рӯзаи рамазон». (Муттафақун алай)

Табарони дар «Авсат» ва «Сағир», аз Алӣ бин Абитолиб (р) ривоят кардааст, ки Паёмбар (с) фармуданд:

«إن الله فرض على أغنياء المسلمين في أموالهم بقدر الذي يسع فقراءهم، ولن يجهد الفقراء إذا جاعوا أو عروا إلا بما يصنع أغنياؤهم، ألا وإن الله يحاسبهم حسابا شديدا، ويعذبهم عذابا أليما».

«Бегумон Аллоҳ онқадар садақа ва закотро бар сарватмандони мусалмон воҷиб кардааст, ки фақирон ва ниёзмандонро кифоят мекунад ва ҳеҷ чиз ниёзмандони мусалмонро ба машақат ва сахтии гуруснагӣ ва бараҳнагӣ дучор намекунад, магар бухли сарватмандонашон. Огоҳ бошед! Аллоҳ ба сахтӣ аз онон ҳисоб мекашад ва ба азоби дарднок дучор ва гирифторашон менамояд».

Мусалмон бо пардохти закот, моли худро пок месозад ва аз осори моддӣ ва маънавии он баҳраманд мешавад.

Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( خُذْ مِنْ أَمْوَالِهِمْ صَدَقَةً تُطَهِّرُهُمْ وَتُزَكِّيهِمْ بِهَا) [التوبة: 103]

«Аз амволи мӯминон садақа ва закот бигир, то ба ин васила эшонро пок намойи ва тазкия кунӣ».

Тазкия ва татҳири мӯминон ба василаи закот аз ҷониби Парвардигор шомили афроди ҷомеъа ва мӯминон аст, чаро ки закот нуфуси афродро аз гуноҳ ва палидии бухлу пастӣ ва сангдилӣ ва худхоҳию тамаъ ва соири разилатҳои ахлоқӣ ва иҷтимоъӣ, ки боиси ҳасодату таҷовуз ва душманӣ ва ҷангу адоват ҳастанд, пок месозад ва нафсро тазкия мекунад ва онҳоро ба василаи хайру баракат ва ахлоқи амалӣ ба мақоми шомихе мерасонад, ки шоистагии саъодати дунё ва охиратро ба даст меоваранд.

Пардохтани закот сабаби баракати мол ва рушди он мешавад ва нафси инсонро ба фазилати караму бахшиш ороста мекунад.

Мусалмонон! Бар ҳар мусалмоне, ки дороияш ба ҳадди нисоб бирасад ва як сол бар он бигзарад, закот фарз мешавад, ба ҷуз зироъат, ки (гузашти як сол бар он воҷиб нест) ва закоти он дар рӯзи бардошт маҳсул ба шарте, ки ба ҳадди нисоб бирасад, воҷиб мегардад. Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَآَتُوا حَقَّهُ يَوْمَ حَصَادِهِ ) [الأنعام: 141]

«Ба ҳангоми расидан ва чидану дарав карданашон, закоти онҳоро бидиҳед».

Ҳадди нисоби тилло, бист динор (як динор, баробари 4/25 грам тиллост, пас бист динор 85 грам тиллост (2×4/25=85) ва ҳадди нисоби нуқра, ду сад дирҳам аст (як дирҳам баробари 2/975 грам нуқра аст, пас ду сад дирҳам 595 грам нуқра аст, (200×2/595=595) ва миқдори воҷиби ҳар кадоми инҳо як чиҳилум аст.

Дар ин маврид аз Алӣ бин Абӯтолиб (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд:

«إذا کانت لک مائتا درهم وحال عليها الحول ففيها خمسة دراهم، وليس عليک شيي – يعني في الذهب حتي يکون لک عشرون دينارا، فإن کانت لک عشرون دينارا وحال عليها الحول ففيها نصف دينار». (ابن ماجه 5582، الصحيحه 559).

«Агар ду сад дирҳам дошта бошӣ ва як сол бар он гузашт, закоти он панҷ дирҳам аст ва тилло то ба бист динор нарасад, закот дар он воҷиб нест, вале агар ба бист динор расид ва як сол бар он гузашт, ним динор закот дар он воҷиб мегардад». (Ибни Моҷҷаҳ 5582)

Аммо закоти риёлоту сомонӣ ба далели умуми оят ва аҳодис марбут ба вуҷуби закот дар тилло ва нуқра воҷиб аст ва касе, ки аз ин умум чизеро хориҷ карда, далеле надорад. Бо вуҷуди ин далоили хосе низ дар ин бора вуҷуд дорад, аз он ҷумла:

Аз Умми Салама (р) ривоят аст:

«کنت ألبس أوضاحا من ذهب، فقلت يا رسول الله أکنز هو؟ فقال : ما بلغ أن تؤدي زکاته فزکي فليس بکنز».

«Миқдоре аз зевари олоти тиллойи бар тан доштам, гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! Оё ин зевари олот канз (моли андухта) ҳисоб мешавад? Паёмбар (с) фармуданд: «Агар чизе ба ҳадди нисоб расид, закоташро пардохт кун, дар ин сурат канз ба ҳисоб намеравад».

Аммо маҳсулоте, ки закот дар он воҷиб аст, танҳо дар чаҳор маҳсули мазкур дар ҳадиси зер воҷиб аст:

Аз Абӯбурда, аз Абӯмусо ва Маъоз (р) ривоят аст:

«أن رسول الله -صلى الله عليه وسلم- بعثهما إلي اليمن يعلمان الناس أمر دينهم، فأمرهم أن لا يأخذوا الصدقة إلا من هذه الأربعة :الحنطة، والشعير والتمر والزبيب». (سنن بيهقي125/4)

«Расули Аллоҳ (с) он дуро ба Яман фиристод, то ба мардум аҳкоми динашонро омӯзиш диҳанд ва дастур доданд, ки закотро танҳо аз ин чаҳор маҳсул бигиранд: гандуму ҷав ва хурмову кишмиш- мавиз». Ва дар маҳсулоти зироъӣ ва меваҷот закот фарз аст, машрут ба ин, ки ба ҳадди нисобе, ки дар ҳадиси зер зикр шуда бирасад: (Байҳақӣ 4/125)

Аз Абӯсаъиди Хузрӣ (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд:

«ليس فيما دون خمسة أوسق صدقة». (متفق عليه).

«Дар камтар аз панҷ васақ закот воҷиб нест». (Муттафақун алайҳӣ)

Ҳар васақ (52/130) килограм аст, бинобарин ин панҷ васақ (8/652) килограм аст, (5×30/52=8/652).

Аммо миқдори воҷиби закоти маҳсулоти зироъӣ ва меваҷот, он чӣ аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд:

«يما سقت الأنهار والغيم العشور، وفيما سقي بالساقية نصف العشر». (مسلم 981/675/2)

«Закоти маҳсулоте, ки бо ҷуйборҳо ва борон обёрӣ мешавад, як дирҳам ва он чӣ бо шутур (ё мошини олоти кишоварзӣ) обёрӣ мешавад, як бистум аст». (Муслим 2/675-981).

Аммо миқдори закоти маҳсулоти зироъӣ ва меваҷот, аз Ибни Аббос ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд:

«فيما سقت السماء والعيون أوکان عثريا، العشر، وفيما سقي بالنضح نصف العشر». (بخاري 1483-347/3)

«Закоти маҳсулоте, ки бо борон ё чашмаҳо обёрӣ мешавад ва ҳамчунин маҳсулоте, ки ниёз ба обёрӣ надорад, даҳ як ва он чӣ бо об кашидан обёри мешавад, аз бист як аст». (Бухорӣ 3/347-1418).

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم. أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلمين إنه هو الغفور الرحيم.

الحمد لله رب العالمين والعاقبة للمتقين ولا عدوان إلا على الظالمين أحمده سبحانه وتعالى وهو أهل للحمد والثناء وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له وأشهد أن محمدا عبدالله ورسوله صلوات الله وسلامه عليه وعلى آله وأصحابه ومن سار على نهجه إلى يوم الدين وبعد:

Бандагони Аллоҳ! Асҳоби мавошӣ (чаҳорпоён) низ бояд моли худро пок намуда, дар ҳамкори бо фақирон саҳм бигиранд. Аллоҳи мутаъол бар асҳоби мавошӣ, ки теъдоди он ба ҳадди нисоб расида бошад, закот воҷиб гардонидааст.

Ҳайвоноте, ки закот дар онҳо воҷиб аст, се дастаанд: Шутур, гов ва гӯсфанду буз. Аммо нисоби шутур, он чӣ аз Абӯсаъид Хузрӣ (р) ривоя аст, ки Паёмбар (с) фармуданд:

«ليس فيما دون خمس ذود من الإبل صدقة». (متفق عليه).

«Дар камтар аз панҷ шутур, садақа воҷиб нест». (Муттафақун алайҳӣ).

Аммо нисоби гов ва миқдори закоти он: аз Маъоз бин Ҷабал (р) ривоят аст:

«بعثني رسول الله إلي اليمن، وأمرني أن آخذ من البقر من کل أربعين مسنة، ومن کل ثلاثين تبيعا أوتبيعة.» (ابن ماجه 1803/576)

«Паёмбар (с) маро ба яман фиристод ва ба ман дастӯр дод, то аз ҳар чиҳил гов, як мусиннаро (гове, ки ду солро тамом карда вориди соли саввум шуда бошад) ва аз ҳар се гов як табеъро (гӯсолаи нар ва модае, ки як солро тамом карда бошад) ба унвони закот бигирам». (Ибни Моҷҷаҳ 576-1803).

Ва нисоби гӯсфанд (ва буз) ва миқдори закоти он: аз Анас (р) ривоят аст: Абӯбакри Сиддиқ (р) дар мавриди садақаи воҷибе, ки Аллоҳ ба Паёмбараш (с) дастӯр додааст, бароям навишт:

«وفي صدقة الغنم في سائمتها إذا کانت أربعين إلي عشرين ومائة شاة، فإذا کانت سائمة الرجل ناقصة من أربعين شاة واحدة فليس فيها صدقة إلا أن يشاء ربها». (روايت أصحاب سنن).

«Закоти гӯсфанд ва бузи соима (чаранда) аз чиҳил то саду бист, як сар гусфанд (ё буз) аст ва аз саду бистяк то ду сад сар, ду гӯсфанд ё ду буз ва аз ду саду як то сесад сар, се гӯсфанд ё се буз аст. Агар теъдоди онҳо бештар аз сесад гӯсфанд ё буз бошад, дар ҳар сад гӯсфанд ё буз, як раъс воҷиб мешавад. Агар теъдоди гӯсфандон ё бузҳои чаранда камтар аз чиҳил сар бошад, закот дар он воҷиб нест, магар ин, ки соҳибаш бихоҳад». (Ривояти асҳоби Сунан).

Закоти мустағилот, монанди сохтмонҳо ва опортмонҳои иҷоравӣ ва чаҳорпоён ва мошини олоти тавлидӣ ва хадамотӣ ва ҳамлу нақл ва васоили иброз ва зиннати олоти кироя ва дукону корвонсаро ва монанди он, ки кироя дода мешаванд, аз бобати ҳадди нисоб, тобеъи «нақдайн –тилло ва нуқра» аст. яъне ҳар вақт даромади онҳо ба ҳадди нисоби тилло ва нуқра бирасид, бояд аз он закот пардохт гардад ва беҳтараст, ки муддати он ҳам як сол бошад, на як моҳ. Яъне, маҷмӯъи даромади солонаро рӯи ҳам ҳисоб карда ва маҷмӯъи ҳазинаҳо ва қарзҳо ва молиёту музди коргарон ва амсоли онро аз он каср карда ва аз боқимондаи даромади софи он, закот бидиҳад.

Ҳадди ақал кифояти зиндагии молики мустағилот ва хонаводаи ӯ низ бояд аз кулли даромад каср гардад ва аз закот маъоф бошад.

Ва дар мавриди закоти сиҳом ва авроқ, бояд баробари закоти амволи тиҷоратӣ гирифта шавад.

Бародарони Ислом! Аллоҳ масорифи закот ва аснофи гирандаи закотро дар ояти зер дар ҳашт синф мунҳасир фармудааст:

( إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِي الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِي سَبِيلِ اللَّهِ وَاِبْنِ السَّبِيلِ فَرِيضَةً مِنَ اللَّهِ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ 60 ) [التوبة: 60]

«Закот фаризаест, ки аз ҷониби Аллоҳ, ки бояд ба ин асноф дода шавад: Фақирону масокин ва омилин ҷамъоварии закоту муаллафаи қулуб (касоне, ки имоми муслимин мехоҳад аз онон дилҷӯйи кунад, ё мехоҳад шарри онҳоро василаи пардохти мол аз муслимин рафъ кунад, ё касоне, ки Исломро таблиғ мекунанд ва сабаби интишори он мешавад) ва фирриқоб (касоне, ки мехоҳанд, худро аз банди бардагӣ ва хории асорат, наҷот диҳанд) ва ғоримин (касоне, ки дар роҳи касби ҳалол қарздор шудаанд ва товони бозпардохти қарзи худро надоранд) ва дар роҳи Аллоҳ (кӯмак ба муҷоҳидини Ислом ва тамоми корҳое, ки муҷиби ризояти Аллоҳ мегардад) ва ибни сабил (мусофире, ки аз диёри худ дур монда ва ниёз ба кӯмаки молӣ дорад, то ба диёри хеш бирасанд). Ин закот фаризаест аз ҷониби Аллоҳ барои аснофи фавқ, ва Аллоҳи мутаъол, доно ба ҳама чиз ва дурусткораст ва ҳеҷ кори вай холӣ аз ҳикмат нест».

Аммо касоне, ки боби гадойиро боз мекунанд, хешро хору залил намуда ва ҳаққи мустаҳиқонро талаф менамоянд, Паёмбари гиромӣ (с) дар мавриди чунин ашхос мефармояд:

«من سأل الناس أموالهم تكثرا فإنما يسأل جمرا فليستقل أو ليستكثر». (صحيح مسلم).

«Касе, ки аз мардум молашонро бихоҳад ва (ба воситаи гадойи молашро) зиёд кунад, ҳамоно пораҳои оташро мехоҳад, пас бар ӯст, ки кам металабад ва ё зиёд». (Саҳеҳи Муслим).

Ҳамчунин, он чӣ ба номи хумс, ки акнун байни мардум, маъруфу маъмул аст, иртиботе ба дини мубини Ислом, ки ягона шоҳроҳи саъодатдорест, надорад, балки метавон гуфт, порае аз он сохтаи раъй ва бофтаи аҳвойи риҷолест, ки чандон ба ҳикмати аҳком ва ҳурмату азамати Ислом, таваҷҷӯҳе надоштанд ва аз таъассуботи ҷоҳилона ва ё сиёсати хасмонаи иддаи муғриз, моя мегирад, зеро закот аз тарафи Парвардигори ҳаким ба насси Қуръони азим барои ҳашт синфи умда аз барои масрафи он пешниҳод ва таъйин шудааст.

Пас эй мусалмон! Шумо, ки аз Парвардигор умеди афв ва бахшиш доред ва ҳамвора дар пайи қарор гирифтан дар маърази насимҳои раҳмати Илоҳӣ ҳастед, ба бародарони ниёзманди худ муҳаббат кунед ва бо садақа ва эҳсон, гӯшае аз дардҳои фақру гуруснагии ононро таскин бахшед ва дар бахшиш ва эҳсоси худ, бештар касонеро мадди назар қарор бидиҳед, ки ба далели ҳаё ва иффат, дасти таваққуъро пеши ину он, дароз намекунанд ва мардум мепиндоранд, ки сарватманд ҳастанд ва ҳамчунин хешовандони ниёзманди худро мавриди меҳру муҳаббат қарор бидиҳед, чун бахшиш дар ҳаққи онон, ҳам садақа аст, ҳам силлаи раҳм ва бидонед, ки садақа молу сарватро намекоҳад, балки онро аз офот маҳфуз медорад, чунон чӣ Паёмбар (с) мефармояд: ما نقص مال عبد من صدقة»», яъне: «моли банда аз садақа, кам нахоҳад шуд».

Ҳамчунин он ҳазрат (с) мефармоянд:

«ارحموا من فی الارض یرحمکم من فی السماء.» (روايت احمد وترمذی)

«Шумо бар аҳли замин раҳм кунед, то Парвардигоре, ки дар осмон аст, бар шумо раҳм кунад». (Ривояти Аҳмад ва Тирмизӣ).

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين. اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك-صلى الله عليه وآله وسلم-. اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين. اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.